Индонезия ба ҳамкориҳо бо Тоҷикистон тақвият бахшиданист

Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Индонезия дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Асруҳинро бинобар сабаби анҷоми ваколати дипломатиаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба фаъолияти гуногунсоҳаи сафирии ҷаноби Муҳаммад Асруҳин дар мамлакати мо, раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон […]


Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Индонезия дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Асруҳинро бинобар сабаби анҷоми ваколати дипломатиаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба фаъолияти гуногунсоҳаи сафирии ҷаноби Муҳаммад Асруҳин дар мамлакати мо, раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Индонезия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, равобит дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, туризм, кишоварзӣ, фарҳанг ва илму маориф изҳори назар карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезия дар соҳаи илму маориф дахл намуда, тазаккур дод, ки ҳоло дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Индонезия тақрибан 100 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. «Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Ҷумҳурии Индонезия дар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун таҷрибаи кофӣ дорад, мо алоқаманди афзоиш ёфтани шумораи донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии ин кишвар ҳастем», – гуфт ӯ.

Дар навбати худ, сафири Индонезия дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Асруҳин иброз дошт, ки бо ташаббуси сафорати Индонезия дар Тоҷикистон дар охири моҳи октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо мақсади шиносоии бештари аҳолии Тоҷикистон бо фарҳанг ва тамаддуни Ҷумҳурии Индонезия маҳфили фарҳангӣ баргузор намуда, дар бораи таърих, фарҳанг ва дигар соҳаҳои кишвари худ маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад кард.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.