Тамринҳои «Осмони соф» дар фазои Тоҷикистон

Аз 5 то 16-уми октябр дар фазои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Осмони соф» (Чистое небо) тамринҳои муштараки низомӣ доир мегарданд. Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар тамринҳо масоили ҳамкории муштараки низоми муттаҳидаи дифоъи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ мавриди омӯзишу машқ қарор мегиранд. Тоҷикистонро дар ин тамринҳо гурӯҳи зудамали Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ таҳти […]

Аваз Юлдошев


Аз 5 то 16-уми октябр дар фазои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Осмони соф» (Чистое небо) тамринҳои муштараки низомӣ доир мегарданд.

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар тамринҳо масоили ҳамкории муштараки низоми муттаҳидаи дифоъи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ мавриди омӯзишу машқ қарор мегиранд.

Тоҷикистонро дар ин тамринҳо гурӯҳи зудамали Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ таҳти сарварии муовини фармондеҳи Нерӯҳои низомии ҳавоӣ ва дифоъи зиддиҳавоӣ полковник Саидаҳмад Умаров намояндагӣ мекунанд.

Санаи 5-уми июли соли 2012 зимни ҷаласаи 62-юми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил дар шаҳри Калиниград оид ба баргузор намудани ин тамринҳо тасмим гирифта шуда буд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.