Баррасии тағйирот ба қонунҳо дар Шӯрои парлумон

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» баррасӣ шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи […]


Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» баррасӣ шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», Дар хусуси Созишномаи қарзии имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдиди қисмати сеюми марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди «Душанбе – Кулма», қитъаи «Душанбе-Данғара», Дар хусуси Протоколи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба Лоиҳаи сохтмони терминали нави Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе аз 1 майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба Протоколи молиявӣ аз 1 майи соли 2009 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия, ки 29 июни соли 2012 ба имзо расидааст, муҳокима шуданд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳамзамон таъкид карданд, ки ҳамаи масъалаҳои ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.