Оғози иқдоми маърифатии «100 рӯз барои озодии Тоҷнет»

Расонаҳо ва созмону ташкилотҳои хабарнигории Тоҷикистон дар шабакаи Фейсбук иқдоми маърифатиеро таҳти унвони «100 рӯз барои озодии Тоҷнет» шурӯъ карданд. «Мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон оғози баргузории иқдоми «100 рӯз барои озодии Тоҷнет»-ро эълом дошта, изҳор менамоем, ки ҷалби таваччуҳи ҷомеа ва ҳукумат ба мушкилоти озодии баён ва иттилоот дар шабакаи Интернет аз ҳадафҳои аслии […]

ASIA-Plus


Расонаҳо ва созмону ташкилотҳои хабарнигории Тоҷикистон дар шабакаи Фейсбук иқдоми маърифатиеро таҳти унвони «100 рӯз барои озодии Тоҷнет» шурӯъ карданд.

«Мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон оғози баргузории иқдоми «100 рӯз барои озодии Тоҷнет»-ро эълом дошта, изҳор менамоем, ки ҷалби таваччуҳи ҷомеа ва ҳукумат ба мушкилоти озодии баён ва иттилоот дар шабакаи Интернет аз ҳадафҳои аслии иқдом мебошад», – зикр мегардад дар изҳороти интишоргардидаи созмондиҳандагони иқдом.

Дар изҳорот баён мегардад, ки ба санаи 8-уми сентябри соли 2012 шумори сомона ва порталҳои интернетии басташуда дар қаламрави Тоҷикистон ба 50 адад расида, ҳарчанд мазмуну муҳтавои чанде аз онҳо ба меъёри қонуну ахлоқ ҷавобгӯ набошад ҳам, ба ҳар ҳол, миёни онҳо хабаргузориҳои иттилоотии миллӣ, аз қабили

www.news.tj



www.tojnews.org

 низ ҳузур доранд.

«Ҳамаи онҳо як мушкил доранд: дастрасӣ ба онҳо ғайриқонунӣ, бидуни қарори додгоҳ ва нодида гирифтани қонунгузорӣ қатъ шудааст», – омадааст дар изҳорот.

Дар идомаи изҳорот аз баррасии созандаи ин мушкилот ва ироаи пешниҳодот оид ба ҳалли муолифат дар фазои иттилоотӣ умедворӣ карда мешавад. «Дар хотир дошта бошед, ки ҳеҷ касе ҷуз худи мо, зиндагиамонро беҳтар карда наметавонад. Нерӯ дар муттаҳидиву ваҳдат аст ва мо ба дастгирии шумо умедворем», – гуфта мешавад дар фарҷоми изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.