Дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ омодагиҳо барои таҷлили Рӯзи забон идома дорад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, барномаи фарҳангии ҷашни Рӯзи забон бо лаҳзаи театрӣ бо иштироки Ҳунармандони Халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров ва Ортиқ Қодиров оғоз ёфта, дар барномаи консертии он ансамбли «Шашмақомхонон»-и Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев, ансамбли рақсии «Гулрез» ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Дар барнома ҳамчунин ҳунармандони шинохта Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, Хуршед Иброҳимов, Озода Ашурова, гуруҳи балетии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва ҳамсароёни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ низ ширкат хоҳанд варзид.
Ба иттилои манбаъ, таҳияи барномаи фарҳангӣ ба зиммаи коргардонҳо Давлат Убайдуллоев ва Ориф Набиев гузошта шудааст.


