Маҳфили эҷодии Мӯъмин Қаноат дар қароргоҳи ҲНИТ

Бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қароргоҳи ҳизб маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ Мӯъмин Қаноат баргузор шуд. Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Адабиёт ва андеша» шахсиятҳои муъруфи илму адаб мисли Гулрухсор Сафиева, устод Ҳаёт Неъмат, Рустами Ваҳҳоб, Иброҳими Усмон, […]


Бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қароргоҳи ҳизб маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ Мӯъмин Қаноат баргузор шуд.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Адабиёт ва андеша» шахсиятҳои муъруфи илму адаб мисли Гулрухсор Сафиева, устод Ҳаёт Неъмат, Рустами Ваҳҳоб, Иброҳими Усмон, Аҳмадшоҳи Комил, роҳбарияти ҳизб бо шумули устод Муҳиддин Кабирӣ, рӯзноманигорону таҳлилгарон, донишҷӯён ва ҳаводорони илму адаб ширкат варзиданд. Аз корпусҳои дипломатӣ, Абдулғафур Орзу – сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ва намояндагони Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Ирон ҳузур доштанд.

«Ҳизб минбаъд низ ба ин монанд маҳфилҳоро бо ҳузури шоирону нависандагони саршиноси тоҷик барпо хоҳад кард», – гуфтанд дар қароргоҳи ҲНИТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.