Дар Тоҷикистон мушкилоти нақзи ҳуқуқи духтаронро эътироф мекунанд

Дар Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байнулмилалии духтарон як чорабинӣ доир гардида, иштирокчиёни он ҷой доштани мушкилоти маҳдуд будани ҳуқуқи духтарон дар дастрасӣ ба маълумот, ҳодисаҳои худкушӣ миёни духтарони навҷавон, никоҳҳои барвақтӣ ва зӯроварӣ дар оила нисбати занон дар Тоҷикистонро эътироф намуда, пешниҳод карданд, ки ин мушкилот бояд ба таври комплексӣ ҳал гардад. […]


Дар Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байнулмилалии духтарон як чорабинӣ доир гардида, иштирокчиёни он ҷой доштани мушкилоти маҳдуд будани ҳуқуқи духтарон дар дастрасӣ ба маълумот, ҳодисаҳои худкушӣ миёни духтарони навҷавон, никоҳҳои барвақтӣ ва зӯроварӣ дар оила нисбати занон дар Тоҷикистонро эътироф намуда, пешниҳод карданд, ки ин мушкилот бояд ба таври комплексӣ ҳал гардад.

Намояндаи Бунёди СММ дар бахши нуфус (UNFPA) дар Тоҷикистон Азиза Ҳамидова мегӯяд, бинобар синнусол мавриди зӯроварӣ қарор гирифтани духтарон, имкони дастрасӣ надоштан ба таҳсил ва барвақт бидуни хоҳиши онҳо ба шавҳар додани духтарон як фоҷеа аст.

Намояндаи Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳмон Мавлонов бар ин бовар аст, ки дар дини ислом ҳуқуқҳои занону мардон баробар буда, доштани маълумот барои онҳо ҳатмӣ аст. «Мушкилоти худкушӣ миёни духтарон, нофаҳмиҳо дар оила, никоҳи барвақтӣ ва зӯроварӣ нисбати онҳо ҷой доранд ва ин мушкилотро мебояд бо ҷалби рӯҳониёни маъруф ҳал кард, вале тамоми масъулиятро ба дӯши онҳо вогузор кардан ҳам қобили қабул нест», – гуфт номбурда.

Тибқи баъзе маълумот, имрӯз дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта беш аз 30%-и духтарон дар синни 18-солагӣ ва то 15% дар синни 15-солагӣ оиладор мешаванд. Ҳамасола ҳудуди 16 млн. нафар духтарони синнусоли аз 15 то 19-сола фарзанд ба дунё меоранд, ки тақрибан 11% таваллуд дар саросари ҷаҳон ба онҳо рост меояд. Дар ҷаҳон беш аз 580 млн. нафар занон бесаводанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба мардон беш аз ду баробар бештар аст.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.