Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз замони таъсисёбӣ (аз 6-уми ибли соли 1992) то ин дам Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 90 парвандаро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар як нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи иқтисодии ИДМ Файзулло Абдуллоев изҳор дошт, ки инчунин 5 парвандаи марбут ба баҳси иқтисодии миёни давлатҳо низ баррасӣ шудааст.
Ба қавли ӯ, айни замон дар назди ин додгоҳ маркази байнулмилалии танзими баҳсҳо ташкил карда шудааст, ки ба соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ҷиҳати ҳалли баҳсҳо дар фаъолияти хориҷӣ ба он муроҷиат намоянд.
Ф.Абдуллоев афзуд, ки Марказ аз ду палата – палатаи ҳакамон ва миёнаравон иборат аст. «Палатаи ҳакамон аслан додгоҳи ҳакамӣ аст ва ба дӯши палатаи миёнаравон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург воқеъ аст, ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ вогузор гаштааст», – гуфт ӯ.


