Д.Худоназаров бо журналистон танҳо доир ба кино суҳбат мекунад

Имрӯз дар доираи чорабиниҳои Ҷашнвораи V-уми байнулмилалии кинои «Дидор» дар Душанбе бо коргардони маъруфи кинои тоҷик Давлат Худоназаров вохӯрии журналистон доир мегардад. Интизор меравад, ки коргардон танҳо доир ба кино ибрози андеша намуда, фаъолияти синамогарони тоҷикро ба риштаи таҳлил хоҳад кашид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҷашнвораи «Дидор» Зафар Абдуллоев хабар дод, санаи 17-уми […]


Имрӯз дар доираи чорабиниҳои Ҷашнвораи V-уми байнулмилалии кинои «Дидор» дар Душанбе бо коргардони маъруфи кинои тоҷик Давлат Худоназаров вохӯрии журналистон доир мегардад. Интизор меравад, ки коргардон танҳо доир ба кино ибрози андеша намуда, фаъолияти синамогарони тоҷикро ба риштаи таҳлил хоҳад кашид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҷашнвораи «Дидор» Зафар Абдуллоев хабар дод, санаи 17-уми октябр созмондиҳандагони ҷашнвора бо иштироки актёри шинохтаи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи байнулмилалии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод» Муҳаммадалӣ Маҳмадов низ нишасти хабарӣ доир карданд.

«М.Маҳмадов аз васоити ахбори оммаи ватанӣ шикоят кард, ки ба кинои миллӣ кам таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд. Феълан кинои тоҷик дар ҳоли таназзул қарор дошта, эҳтиром ва дастгирӣ аз ҷониби давлатро тақозо мекунад. Агар дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам мебуд, коргардонҳои шинохтае чун Валерий Аҳадов, Бахтиёр Худоназаров, Ҷамшед Усмонов ва Марям Юсуфова ба ин ҷо омада, филм меофариданд», – гуфт З.Абдуллоев.

Ба қавли Зафар Абдуллоев, дар зарфи се рӯзи кори ҷашнвора ҳудуди 40 филм ба маърази тамошо гузошта шуда, боз намоиши 10 филми дигар боқӣ мондааст. «Дар фарҷоми кори ҷашнвораи филмҳои «Дидор» бо иштироки коршиносону мутахассисони соҳаи кино таҳти унвони «Кинои Тоҷикистон аз нигоҳӣ таҳлили байнулмилалӣ: Оё ба оянда умед аст?» мизи гирд доир мегардад», – афзуд котиби матбуотии ҷашнвора.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.