Қабули беш аз 400 млн. сомонӣ пулҳои фарсудаву корношоям

Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 400 млн. сомонӣ пулҳои фарсудаву корношоям бозпас гирифта шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҳамин давраи соли гузашта 239,7 млн. сомонӣ пулҳои корношоям супурда шуда буданд. «Афзоиши маблағи пулҳои корношоям раванди маъмулист, зеро иқтисод дар ҳоли рушд қарор дошта, […]

Заррина Эргашева


Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 400 млн. сомонӣ пулҳои фарсудаву корношоям бозпас гирифта шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҳамин давраи соли гузашта 239,7 млн. сомонӣ пулҳои корношоям супурда шуда буданд.

«Афзоиши маблағи пулҳои корношоям раванди маъмулист, зеро иқтисод дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳаҷми пулҳои дар муомилот мавҷуда зиёд мешавад ва мутаносибан шумори пулҳои фарсудаву корношоям низ бештар мегардад», – гуфтанд дар БМТ.

Пулҳои корношояму фарсудае, ки аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ қабул карда мешаванд, бо ҳамон номинали пули нав иваз мегарданд.

Дар Бонки миллии ҷумҳурӣ изҳор карданд, ки пулҳои аз муомилот бозпас гирифташуда ҳамчун пардохтнопазир эътироф гардида, сипас нобуд карда мешаванд.

«Муассисаҳои бонкӣ пулҳои фарсудаву корношоямро бояд бидуни хизматгузориҳои комиссионӣ ва дарҳол бо муроҷиати нахусти шаҳрванд қабул намоянд», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.