Суғд: Оғози фаъолияти корхонаи сементбарории иқтидори 100 ҳазор тонна

Date:


Чанде қабл корхонаи сементбарории ҶДММ «Суғд-семент» ба фаъолият оғоз намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар маросими кушодашавӣ ва ба фаъолияти мунтазам оғоз намудани корхона вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ иштирок кард.

Қобили зикр аст, ки корхонаи сементбарорӣ ба истеҳсоли таҷрибавии озмоиши семент рӯзи 27 августи соли 2012 оғоз намуда буд. Иқтидори солонаи истеҳсолии марҳилаи аввали корхона 100 ҳазор тонна сементро ташкил дода, айни замон 142 ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардидааст. Корхона бо маблағгузории сармоягузори ватанӣ бунёд ёфта, таҷҳизоти он бо маблағи зиёда аз 1,8 млн долл. ИМА аз Чин ворид карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, марҳилаи дуюми бунёди корхона баъди ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами марҳилаи аввал оғоз шуда, иқтидори он истеҳсоли 1 миллион тонна сементро дар як сол дар бар мегирад. Роҳбарияти корхона ба нақша гирифтааст, ки бо афзоиши истеҳсолии корхона шумораи ҷойҳои кориро ба 300 нафар расонад.

Ёдрас мекунем, ки феълан дар Тоҷикистон ҶСК «Тоҷиксемент» бо иқтидори истеҳсолии 1 млн. 100 ҳазор тонна дар як сол аз корхонаҳои бузурги сементбарории кишвар маҳсуб меёбад. Ҳарчанд дар ҷумҳурӣ боз як қатор корхонаҳои сементбарорӣ низ фаъолият дошта бошанд ҳам, Тоҷикистон эҳтиёҷоти худ ба ин масолеҳи сохтмонро қонеъ карда наметавонад, аз ин рӯ, он аз хориҷи кишвар низ ворид мегардад.

Моҳи сентябри соли гузашта корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Семент», ки аз ҷониби ҶДММ «Ғаюр»-и Тоҷикистон ва ширкати «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент»-и Чин таъсис дода шуд, ба сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон шурӯъ кард, ки иқтидори истеҳсолии солонаи он 1 млн. тонна семент дар як солро ташкил медиҳад. Арзиши лоиҳавии корхонаи оянда 100 млн. доллари ИМА арзёбӣ мегардад. Интизорӣ меравад, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона тирамоҳи соли оянда бозори дохилии кишвар бо сементи хушсифавти истеҳоли ватанӣ таъмин хоҳад шуд.

Дар кишвар семент асосан барои сохтмони иншооти муҳими стратегӣ, аз қабили корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун», бунёду таҷдиди роҳҳо ва иншооти ҳукуматӣ истифода мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...