Идомаи фаъолияти «Ампаро» тибқи лоиҳаи «Роҳ ба ҳаёти мустақилона»

Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» ба фаъолияти худ тибқи лоиҳаи «Роҳ ба ҳаёти мустақилона» идома мебахшад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари кории ассотсиатсия хабар доданд, лоиҳа аз ҷониби созмони байнулмилалии Caritas-Germany маблағгузорӣ шуда, ҳадаф аз он дастгирӣ ва расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба хатмкунадагони мактаб-интернатҳои вилояти Суғд аст. Чанде қабл ба муносибати идомаи фаъолият дар ин […]

Мавлуда Рафиева


Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» ба фаъолияти худ тибқи лоиҳаи «Роҳ ба ҳаёти мустақилона» идома мебахшад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари кории ассотсиатсия хабар доданд, лоиҳа аз ҷониби созмони байнулмилалии Caritas-Germany маблағгузорӣ шуда, ҳадаф аз он дастгирӣ ва расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба хатмкунадагони мактаб-интернатҳои вилояти Суғд аст.

Чанде қабл ба муносибати идомаи фаъолият дар ин самт дар дафтари кории ташкилот маросими ифтитоҳи Маркази захираҳои «Оғоз» доир гардид, ки дар он хатмкунандагони мактаб-интернатҳо вақти холигии худро муфид гузаронида, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ барпо менамоянд.

Дар ин ҷо ҳуқуқшинос ва корманди иҷтимоӣ ба ҷавонон кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ пешниҳод намуда, марказ бо синфи компютерӣ, шабакаи Интернет ва китобхонаи дорои 700 нусха китобҳо дар бахшҳои гуногун муҷаҳҳаз гардидааст.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Роҳ ба ҳаёти мустақилона» бо дастгирии созмони Caritas-Germany то охири соли равон амалӣ мегардад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.