Таваҷҷуҳи бритониёҳо ба муҳити сармоягузории Тоҷикистон

Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷереми Смитро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни муоқот бо ӯ масоили густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ Ш.Зуҳуров таъкид намуд, ки айни замон лоиҳаҳои […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷереми Смитро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни муоқот бо ӯ масоили густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ Ш.Зуҳуров таъкид намуд, ки айни замон лоиҳаҳои як қатор созишномаҳои байниҳукуматии аз ҷониби Тоҷикистон таҳияшуда дар Лондон мавриди омӯзиш қарор доранд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар фурсатҳои наздиктарин ин созишномаҳо коркарду пурра омода мегарданд.

Раиси палатаи поёнии арлумони ҷумҳурӣ хотиррасон намуд, ки феълан дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Британияи Кабир 15 адад корхонаҳои муштарак фаъолият доранд.

Дар навбати худ, дипломати бритониёӣ ба Ш.Зуҳуров иттилоъ дод, ки ба наздикӣ бо даъвати ӯ намояндагони панҷ ширкатҳои бритониёӣ дар бахшҳои сайёҳиву истихроҷи канданиҳои фоиданок бо мақсади омӯзиши муҳити сармоягузории Тоҷикистон ба Душанбе ташриф меоранд.

Ба андешаи сафир, Тоҷикистону Бритониёи Кабир ҳамчунин имкон доранд, ки дар масоили расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон ва ташаккули ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамкориҳои бештар судмандро роҳандозӣ намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.