Ҳузури президент дар маросими ифтитоҳи мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ


Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои мактаб-интернат барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ пас аз таъмиру азнавсозӣ иштирок намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин маросим ҳамчунин муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов низ ҳузур доштанд.

Мудири мактаб-интернати мазкур Хотима Касирова қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки ҳанӯз як сол пеш бинои мактаб дар ҳолати харобшавӣ ва садама қарор дошта, акнун он пурра бо таҷҳизоти муосири зарурӣ, техникаи маишӣ ва мебел таъмин карда шуд. «Барои беҳбуди ҷараёни таълим дар ду синф 20 адад компютер, тахтаи электронӣ ва видеопроектор насб карда шуданд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, марказҳои ҳунаромӯзӣ, синфҳо, тоглори конфронс, манзилҳои зист, ошхона ва толори варзишии мактаб-интернат пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо асбобу лавозимот ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.

Қобили зкир аст, ки бинои мактаб ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, аз соли 1979 дигар таъмир нагардида буд. Азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани мактаб аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва ҶДММ «Ситора трейдинг» амалӣ шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное