Ҳузури президент дар маросими ифтитоҳи мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои мактаб-интернат барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ пас аз таъмиру азнавсозӣ иштирок намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин маросим ҳамчунин муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов низ ҳузур доштанд. Мудири мактаб-интернати мазкур Хотима Касирова […]

Маҳпора Киромова


Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои мактаб-интернат барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ пас аз таъмиру азнавсозӣ иштирок намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин маросим ҳамчунин муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов низ ҳузур доштанд.

Мудири мактаб-интернати мазкур Хотима Касирова қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки ҳанӯз як сол пеш бинои мактаб дар ҳолати харобшавӣ ва садама қарор дошта, акнун он пурра бо таҷҳизоти муосири зарурӣ, техникаи маишӣ ва мебел таъмин карда шуд. «Барои беҳбуди ҷараёни таълим дар ду синф 20 адад компютер, тахтаи электронӣ ва видеопроектор насб карда шуданд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, марказҳои ҳунаромӯзӣ, синфҳо, тоглори конфронс, манзилҳои зист, ошхона ва толори варзишии мактаб-интернат пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо асбобу лавозимот ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.

Қобили зкир аст, ки бинои мактаб ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, аз соли 1979 дигар таъмир нагардида буд. Азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани мактаб аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва ҶДММ «Ситора трейдинг» амалӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.