Ширкатҳои Лаҳистон аз Тоҷикистон алюминий мехаранд

Ду ширкати бузурги Лаҳистон нияти роҳандозии ҳамкорӣ бо корхонаи истеҳсоли алюминии Тоҷикистонро дошта, ин ашёи хомро ба Лаҳистон интиқол доданианд. Роҳбари шуъбаи мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузории сафорати Лаҳистон дар Ӯзбекистон Славомир Стшалковски зимни мулоқот бо журналистон аз ифшои номи ин ширкатҳо худдорӣ варзида, изҳор кард, ки намояндагони яке аз ин ширкатҳо бо мақомоти раҳбарии […]

Заррина Эргашева


Ду ширкати бузурги Лаҳистон нияти роҳандозии ҳамкорӣ бо корхонаи истеҳсоли алюминии Тоҷикистонро дошта, ин ашёи хомро ба Лаҳистон интиқол доданианд.

Роҳбари шуъбаи мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузории сафорати Лаҳистон дар Ӯзбекистон Славомир Стшалковски зимни мулоқот бо журналистон аз ифшои номи ин ширкатҳо худдорӣ варзида, изҳор кард, ки намояндагони яке аз ин ширкатҳо бо мақомоти раҳбарии Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) аллакай мулоқот анҷом дода, вохӯрии намояндагони ширкати дигари лаҳистонӣ бо онҳо имрӯз  барпо мешавад.

«Гап сари он аст, ки дар Лаҳистон муддати зиёдест, ки алюминий истеҳсол карда намешавад. Имрӯз танҳо як корхонаи коркарди алюминий фаъолияти начандон кофӣ дорад. Дар Лаҳистон талабот ба металл хеле зиёд буда, ширкатҳои кишвар ба қароре омаданд, ки алюминий аз Тоҷикистон низ харидорӣ гардад», – иброз дошт сафир.

Қобили зикр аст, ки соли равон дар Тоҷикистон 145 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,9% камтар аст. Нимаи аввали соли равон 140 ҳазор тонна алюминий ба хориҷи кишвар содирот шуд, ки дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта 8% ё худ 32 ҳазор тонна камтар аст.

Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО), ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягона аст, дар шаҳри Турсунзода воқеъ мебошад. Ҳамасола 98%-и ҳаҷми алюминии аввалияи истеҳсоли ин корхона ба Русия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Туркия, Чин ва дигар давлатҳо содирот мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.