Бозгашти охирин зоирини тоҷик ба ватан

Рӯзи 18-уми ноябр ба майдони ҳавоии Душанбе ҳавопаймои охирин бо зоирини тоҷик фуруд омад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, сарфи назар аз соли равон ҷорӣ гардидани чанде аз навовариҳо зимни гусели зоирин ба ҳаҷ, фурудгоҳ муваффақона барномаи «Ҳаҷ-2012»-ро анҷом дод. Ба қавли ӯ, ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» […]

Меҳрангез Турсунзода


Рӯзи 18-уми ноябр ба майдони ҳавоии Душанбе ҳавопаймои охирин бо зоирини тоҷик фуруд омад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, сарфи назар аз соли равон ҷорӣ гардидани чанде аз навовариҳо зимни гусели зоирин ба ҳаҷ, фурудгоҳ муваффақона барномаи «Ҳаҷ-2012»-ро анҷом дод.

Ба қавли ӯ, ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр», ки ба ҳамлу нақли зоирини тоҷик машғул буданд, дар маҷмӯъ бо хатсайри Душанбе-Ҷидда-Душанбе 29 парвоз анҷом доданд.

Қобили зикр аст имсол ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон пиёда ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор шуданд. Ҳамчунин бино ба маълумоти Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ, имсол ҳамчунин дар шаҳрҳои Маккаву Мадина шаҳрвандони тоҷике дар маросими ҳаҷ ҳузур доштаанд, ки бидуни мувофиқа бо кумитаи мазкур ба сафари ҳаҷ рафтаанд, вале шумори дақиқи онҳо маълум набудааст. Соли 2011 шумори зоирини «ғайрирасмӣ» 600 нафарро ташкил дода буд.  

Ёдрас мекунем, ки соли равон Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саъудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 ҳазор адад квота ҷудо намуд. Арзиши умумии адои маросими ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.