Таҷовузгар ба номуси духтарчаи 3-сола ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд

Суди шаҳри Душанбе рӯзи 9 июл нисбат ба айбдоршаванда шаҳрванд Юсуф Зиёев, сокини пойтахт ҳукм содир намуд. Бино ба иттилои сомонаи Суди шаҳри Душанбе, Юсуф Зиёев дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 138, қисми 3 , банди “а” (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ва 127 […]

Суди шаҳри Душанбе рӯзи 9 июл нисбат ба айбдоршаванда шаҳрванд Юсуф Зиёев, сокини пойтахт ҳукм содир намуд.

Бино ба иттилои сомонаи Суди шаҳри Душанбе, Юсуф Зиёев дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 138, қисми 3 , банди “а” (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ва 127 (Дар хатар монондан)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф гардид.

Бо қарори суди шаҳри Душанбе Юсуф Зиёев ба ҳукми ҳабси абад бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми махсус маҳкум шуд.

Мурофиаи додгоҳии таҷовузгар 3-юми июл оғоз шуда, пушти дарҳои баста ҷараён гирифт.

Ҷузъиёти парванда эълон нашудааст. Танҳо маълум аст, ки духтарча зинда аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.