Кирокаши тоҷик, ки дар назди бозори “Садовод” бо корманди милитсия муноқиша кард, барои 2 моҳ ба ҳабс гирифта шуд

Сӯҳроб Юсуфов, як кирокаши тоҷик бо иттиҳоми зӯроварӣ ва таҳқири маъмури амният дар Русия то 16-уми феврали соли 2024 ба ҳабс гирифта шуд. “Азия-Плюс” кӯшиш кард, ки ҷузъиёти ин ҳодисаро равшан кунад. Дафтари матбуотии муштараки додгоҳҳои Маскав хабар медиҳад, ки Сӯҳроб Юсуфови 21-сола бо иттиҳоми “зӯроварӣ нисбат ба маъмури амният” (қисми 1-и моддаи 318-и Кодекси […]

Asia-Plus

Сӯҳроб Юсуфов, як кирокаши тоҷик бо иттиҳоми зӯроварӣ ва таҳқири маъмури амният дар Русия то 16-уми феврали соли 2024 ба ҳабс гирифта шуд. “Азия-Плюс” кӯшиш кард, ки ҷузъиёти ин ҳодисаро равшан кунад.

Дафтари матбуотии муштараки додгоҳҳои Маскав хабар медиҳад, ки Сӯҳроб Юсуфови 21-сола бо иттиҳоми “зӯроварӣ нисбат ба маъмури амният” (қисми 1-и моддаи 318-и Кодекси ҷиноии Русия) ва “таҳқири мансабдори давлатӣ” (моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Русия) муттаҳам мешавад.

Ба фарзияи тафтишот, ронандаи 21-сола ҳангоми санҷиши ҳуҷҷат рӯзи 15-уми декабр ба афсари милиса “итоат накард”, “ба ҳаёт ва саломатии маъмури амният хатар эҷод кардааст”.

Сӯҳроб Юсуфов ба ин қарори додгоҳ эътироз кардааст.

Як шоҳиди ин ҳодиса, имрӯз, 18-уми декабр, ба шарти зикр нашудани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳодиса шоми 15-уми декабр дар назди бозори “Садовод” рух дод ва боиси нигаронии муҳоҷирон гардид.

Ба гуфтаи ӯ, кирокаши тоҷик барои гирифтани мизоҷ назди ин бозор рафта ва гӯё роҳи корманди милитсияро банд кардааст.

“Корманди милитсия эътироз кард, ки “мошинатро гир” ва дигар сабр накарда, омада, ронандаро аввал бо дубинка зад ва баъдан бо “электрошокер” беҳуш кард”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, он лаҳза “корманди мақомоти Русия либоси мулкӣ дошт”.

Ӯ афзуд, ки ҳодисаро тоҷикони дар атроф буда диданд ва ба ин кирдори корманди милитсия эътироз баён карданд. Корманди милитсия барои пароканда кардани ҷамъи тоҷикон кормандони дигари милитсия ва “ОМОН”-ро ба кӯмак даъват кард.

“Кормандони милитсия ва “ОМОН” омада, бе пурсиш дастикам 80 нафар тоҷике, ки барои ҳимояи ҳамватанашон ҷамъ омада буданд ва сабаби ин кирдори ӯро мепурсиданд, ба мошинҳо бор карда, бурданд”, – гуфт манбаи мо.

Милитсия беҳуш шудани ронандаро тадсиқ мекунад, вале мегӯяд, “ҳангоми ёрӣ ба боздоштшуда як гурӯҳ шаҳрвандони хашмгин ҷамъ омада, бо буридани чарх ба мошини хидматӣ зарар расонданд”.

Нисбати беш аз 80 тоҷике, ки барои ҳимояти ҳамаваташон ҷамъ омада буданд, тибқи банди авбошӣ ва вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё иқомат дар ин кишвар парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Аммо маълум нест, ки чанд нафар дар боздошт мондаанд ва барои чанд рӯз.

Бояд гуфт, ки “Садовод” яке аз бозорҳои калонтарини шаҳри Маскав аст ва теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҷо кор мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам дар ин бозор аз сӯи кормандони мақомоти амниятӣ ва милитсияи Русия мавориди фишор ва рафтори ғайриқонунӣ нисбати муҳоҷирон расонаӣ шудааст.

Аз ҷумла, моҳи августи имсол кормандони милитсияи Русия дар бозори “Садовод” 60 муҳоҷиру донишҷӯи тоҷикро, агарчи аксарият санади дуруст ва мутобиқ ба қонун доштанд, боздошт карданд. Сабаби ин боздоштро мақомоти Русия шарҳ надоданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.