“Бо “скотч” ба курсӣ баста, хӯрок намедод” Як шаҳрванди Русия барои шиканҷаи тифли панҷсолаи тоҷик 5 сол зиндонӣ шуд

Александр Наумов, як шаҳрванди Русия барои шиканҷаи бераҳмонаи тифли панҷсолаи тоҷик Далер Бобиев 5 сол равонаи зиндон гардид. Хабаргузории “E1.RU” хабар медиҳад, ки ҳукмро рӯзи 27-уми сентябр Додгоҳи ҳарбии Екатеринбург содир кардааст. Дар додгоҳ шоҳидон гуфтаанд, ки Александр Наумов кӯдаки панҷсолаи тоҷикро борҳо бо “скотч” ба курсӣ баста, муддатҳо ғизо надодааст. Ин шиканҷаи бераҳмона далел […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Александр Наумов, як шаҳрванди Русия барои шиканҷаи бераҳмонаи тифли панҷсолаи тоҷик Далер Бобиев 5 сол равонаи зиндон гардид.

Хабаргузории “E1.RU” хабар медиҳад, ки ҳукмро рӯзи 27-уми сентябр Додгоҳи ҳарбии Екатеринбург содир кардааст.

Дар додгоҳ шоҳидон гуфтаанд, ки Александр Наумов кӯдаки панҷсолаи тоҷикро борҳо бо “скотч” ба курсӣ баста, муддатҳо ғизо надодааст. Ин шиканҷаи бераҳмона далел шудааст, ки чанд маротиба кӯдак аз хона фирор кунад.

Аммо Александр Наумов дар додгоҳ иттиҳомро эътироф накарда, ҳукмро напазируфтааст. Ӯ иддао кардааст, ки то моҳи июни соли 2023 дар ҷанги Русия дар Украина иштирок доштааст ва кӯдаки тоҷикро, ки зери сарпарастии оилааш буд, шиканҷа накардааст.

Ин идддао дар ҳолест, ки ба иттилои "SOTAvision" Александр Наумов зимистони соли гузашта дар рухсатӣ қарор дошт ва аз нопадид шудани кӯдак бо рӯзноманигорон ҳарф зада буд.

Бояд гуфт, ки падари Далер Бобиев дар Русия барои дуздӣ зиндонӣ шуда, оилаи Наумовҳо писари ӯро ба парасторӣ гирифта буданд. Хуҷановиддин Бобиев, падари Далер Бобиев шаҳрванди Тоҷикистон буда, писараш дар Русия таваллуд шудааст.

Рӯзи 26-уми июни соли гузашта ҳамсари Наумов, Вероника аз нопадид шудани Далер Бобиев хабар дод. Садҳо сокини маҳаллӣ ба ҷустуҷӯи ин тифл баромаданд. Ҷасади ӯ 29-уми июни соли 2023 дар як халта дар наздикии хонаи парасторон пинҳон карда шуда буд.

Маълум гардид, ки кӯдак ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2022 ба қатл расонида шуда буд.

Барои ба қатл расонидани тифли муҳоҷири тоҷик Далер Бобиев ҳоло ҳамсари Александр Наумов – Вероника Наумова ва ҷияни 21-солаи ӯ Даниил Еголников гумонбар ҳастанд ва мурофиаи онҳо идома дорад.

Ин парванда боиси нигаронии ҷиддӣ дар бораи бехатарии кӯдакон дар низоми парастории Русия гардидааст.

Ҳамасола даҳҳо ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба кишвар оварда мешавад. 

Қаблан, парвандаи Ҳувайдо Тиллозода, як духтари панҷсолаи тоҷик, ки аз сӯи як табааи Русия кушта шуд, пурсарусадо буд. Як сол пеш Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия барои таҷовуз ва қатли ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода дар соли 2018 ба ҳабси абад маҳкум гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.