Тақрибан 100 тоҷик аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина фиристода шудаанд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, то имрӯз тахминан 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекарданд, ба ҷанги Украина фиристода шуданд. Ӯ, ки имрӯз, 11-уми август, дар назди рӯзноманигорон суҳбат мекард, омори мушаххас дар ин бора пешниҳод накард ва танҳо баъди пойфишории рӯзноманигорон дар бораи ироаи теъдоди тоҷикони аз зиндони Русия […]

Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, то имрӯз тахминан 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекарданд, ба ҷанги Украина фиристода шуданд.

Ӯ, ки имрӯз, 11-уми август, дар назди рӯзноманигорон суҳбат мекард, омори мушаххас дар ин бора пешниҳод накард ва танҳо баъди пойфишории рӯзноманигорон дар бораи ироаи теъдоди тоҷикони аз зиндони Русия ба ҷанги Украина фиристодашуда, гуфт, “тақрибан 100 нафар ҳастанд”.

Вазир афзуд, ҳамтоёни русаш чунин оморро ба онҳо пешниҳод намекунанд ва дар созишномае, ки онҳо ба имзо расонидаанд, табодули чунин маълумот дарҷ нашудааст.

Ин бори аввал аст, ки як мақомдори баландпояи Тоҷикистон дар бораи тоҷикони аз зиндони Русия ба ҷанги Украина фиристодашуда иттилои тахминӣ пешниҳод мекунанд.

Қаблан, ҳеҷ ниҳоде дар ин бора омори мушаххас пешниҳод намекард. Аз ҷумла, аввали ҳафтаи равон Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон гуфта буд, ки чунин орморро надорад.

То ҳол расонаҳо номи қариб 20 шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор кардаанд, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина рафта ва кушта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Русия пас аз оғози ҷанг дар Украина ба таҷриҷ ба нерӯ эҳтиёҷ пайдо карда ва дар пайи ин ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ва зиндониён ба артиш шурӯъ намуд. Аз ҷумла, ба Ширкати ҳарбии хусусии “Вагнер” иҷоза дод, ки аз дилхоҳ зиндони Русия маҳбусонро бо ваъдаи авф ва маблағти зиёд ба ҷанг ҷалб кунад.

Дар пайи ин, хабарҳо оид ба ҷалби иҷбории баъзе маҳбусон ба ҷанги Украина низ нашр гардиданд. Мақомоти расмии Русия ин хабарҳоро шарҳ намедиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.