Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, далели шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро месанҷад

Муқим Ашӯров,сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имрӯз, 2-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, оид ба шиканҷа шудани рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз расонаҳо огоҳ шудааст, аммо касе аз наздикони рӯзноманигори маҳкумшуда ба ниҳоди зери роҳбарии ӯ муроҷиат накардаанд. “Новобаста ба ин, мо нақша дорем давоми моҳи […]

Asia-Plus

Муқим Ашӯров,сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имрӯз, 2-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, оид ба шиканҷа шудани рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз расонаҳо огоҳ шудааст, аммо касе аз наздикони рӯзноманигори маҳкумшуда ба ниҳоди зери роҳбарии ӯ муроҷиат накардаанд.

“Новобаста ба ин, мо нақша дорем давоми моҳи равон далели мазкурро санҷиш намоем”, – гуфт Муқим Ашӯров.

Бояд гуфт, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳор рӯзноманигори тоҷик, ки тобистони соли ҷорӣ бо гумони даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм боздошт гардида буд.

Моҳи декабри соли 2022 Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, 7 сол равонаи зиндон гардид.

Дар ҷараёни мурофиа, ӯ бо ирсоли номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа қарор дошт, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти тафтишотиро ба дӯш бигирад.

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, корманди собиқи радиои давлатӣ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, шикоят намуд, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки баъди боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорони дигари маҳкумшудаи тоҷик садояшро баланд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.