Футболбози тоҷик Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи Португалия қарордод баст

Нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонон ва тими миллии Тоҷикистон Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи футболи “Думиенсе”, ки дар дивизиони чоруми Португалия бозӣ мекунад, қарордод баст. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар чемпионати Тоҷикистон Ашӯрмамадов дар бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Истаравшан» бозӣ кардааст. Дастаи охирини ӯ «Броук Бойз» буд, ки шомили Медиалигаи Русия мебошад. Гуфта мешавад, бошгоҳи нави Салам […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонон ва тими миллии Тоҷикистон Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи футболи “Думиенсе”, ки дар дивизиони чоруми Португалия бозӣ мекунад, қарордод баст.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар чемпионати Тоҷикистон Ашӯрмамадов дар бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Истаравшан» бозӣ кардааст. Дастаи охирини ӯ «Броук Бойз» буд, ки шомили Медиалигаи Русия мебошад.

Гуфта мешавад, бошгоҳи нави Салам Ашӯрмамадов дар гурӯҳи «А»-и дивизиони чаҳоруми Португалия дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.

Салам Ашӯрмамадов 19-сола аст. Дар ҳайати мунтахаби ҷавонон 3 бозӣ гузаронида, дар 24 бозии чемпионати Тоҷикистон дар ҳайати дастаҳои “Истиқлол” ва “Истаравшан” 5 гол задааст.

Моҳи январи соли 2022 Ашӯрмамадов агенти озод шуда, мустақилона машқу тамрин мекард. Тобистон ӯро ба «Броук Бойз» даъват карданд.

Футболбоз асосан дар мавқеи ҳамлагари марказӣ ва ба сифати нимҳимоягари тарафҳои росту чап (вингер) низ бозӣ карда метавонад. Портали олмонии Transfermarkt нархи бозингарро 100 ҳазор евро арзёбӣ кардааст. Як сол пеш ӯ 125 ҳазор евро нарх дошт.

Салам Ашӯрмамадов 18 марти соли 2003 дар Душанбе ба дунё омадааст. Писари собиқ футболбози “Помир” ва мунтахаби Тоҷикистон, айни замон сармурабии тими “Регар-ТадАЗ” Алиёр Ашӯрмамадов мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.