Вазири маориф: Таътили тобистона аз 1-уми июн оғоз мешавад

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар имрӯз, 2-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, хонандагони мактабҳо имсол аз якуми июн ба таътили тобистона мебароянд. Ӯ гуфт, соатҳои дарсие, ки давоми 10 рӯзи иловагии истироҳатии моҳи январ (аз 10 то 20-уми январ) хонда нашуданд, дар панҷ рӯзи таътилии моҳи март ва се рӯзи чоряки чаҳорум  ҷуброн […]

Asia-Plus

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар имрӯз, 2-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, хонандагони мактабҳо имсол аз якуми июн ба таътили тобистона мебароянд.

Ӯ гуфт, соатҳои дарсие, ки давоми 10 рӯзи иловагии истироҳатии моҳи январ (аз 10 то 20-уми январ) хонда нашуданд, дар панҷ рӯзи таътилии моҳи март ва се рӯзи чоряки чаҳорум  ҷуброн карда мешавад.

Бояд гуфт, ки таътили зимистонаи хонандагони мактабҳо, ки 10 рӯз буд, имсол дар пайи сардиҳои шадид тамдид карда шуд ва хонандагон то 20-уми январ истироҳат намуданд.

Он замон гуфта мешуд, ки соатҳои дарсии нахонда, аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистонӣ ҷуброн карда мешаванд, ки ин боиси ташвиши баъзе аз волидон гашт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.