Либоси “танг, сиёҳ ва ҳарир” бегона аст. Фатвои Шӯрои уламо дар бораи либоси миллӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон (муфтиёти пешин) бо судури як фатво аз либоси миллӣ ҳимоят намуда, ба занону духтарон тавсия додааст, ки “аз пӯшидани ҳар гуна либосҳои ба фарҳангу мазҳабу миллати мо бегона ва ғайриахлоқӣ, ки бо ҳадафҳои ғаразнок тарғиб мешаванд, худдорӣ намоянд”. Дар ин фатво, ки рӯзи 26-уми июл нашр шуд, гуфта шудааст, ки […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон (муфтиёти пешин) бо судури як фатво аз либоси миллӣ ҳимоят намуда, ба занону духтарон тавсия додааст, ки “аз пӯшидани ҳар гуна либосҳои ба фарҳангу мазҳабу миллати мо бегона ва ғайриахлоқӣ, ки бо ҳадафҳои ғаразнок тарғиб мешаванд, худдорӣ намоянд”.

Дар ин фатво, ки рӯзи 26-уми июл нашр шуд, гуфта шудааст, ки либосҳои миллии тоҷикӣ, ки аз рўймол, курта ва пойҷома иборат аст, “комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ мебошад”. Бино бар ин, Шӯрои уламо ба занон тавсия дода, ки “ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ” либосҳои бо тарҳи миллӣ омодашударо ба бар кунанд.

Шӯрои  уламо бо судури ин фатво пӯшидани “либосҳои танг”, “сиёҳ”, “ҳарир” ва дигар навъи либос, ки узвҳои баданро намоён мекунад, ғайриахлоқӣ ва бегона хонда, тавсия додааст, ки занону духтарони тоҷик аз пӯшидани онҳо худдорӣ кунанд. Зеро, ба гуфтаи Шӯрои уламо, “ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест”. Аммо дар ин фтво мушаххас гуфта нашудааст, ки манзур аз “либоси сиёҳ” ва “ба фарҳанги мо бегона” чист.

Бояд зикр кард, ки фатвои Шӯрои уламои кишвар хусусияти тавсиявӣ дошта, эътибори қонунӣ надорад ва барои ҷомеаи мусулмони кишвар нигаронида шудааст.

 

Либоси ба фарҳанги миллӣ бегона кадом аст?

Ҳамин тавр, то кунун “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” мушаххасан аз ҷониби ҳеҷ як ниҳоди расмӣ муаррифӣ нашудааст.

Ягона мақоми расмие, ки дар ин маврид андешаашро иброз дошт, вакили парлумон Муҷибахон Ҷавҳарӣ мебошад. Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, зери мафҳуми “либоси бегона” дар баробари ҳиҷоб ва сатр, инчунин, "абаяҳо"-и дароз ва сиёҳ, ки аз кишварҳои арабӣ омадаанд, ҷинсҳои дарида ва либосҳои хеле кӯтоҳ ва нимурён дохил мешаванд, ки дар асоси қонуни нав пӯшидани онҳо манъ аст.

Аммо дар Вазорати фарҳанг касе мушаххас ба ин савол посух надод. Танҳо дар нишасти матбуотии ин ниҳод Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг, ки худ шиму костюм ба бар карда буд, кӯтоҳ гуфт, “либоси аврупоӣ ба фарҳанги мо бегона аст”.

Ӯ зикр кард, ки китоби тавсиявии либосҳои миллӣ бо тағйиру иловаҳо таҳия шудааст ва ба зудӣ ба нашр хоҳад расид. Дар он китоб намунаи либосҳои миллӣ оварда шудааст.

Дар хусуси либосҳои мардона Давлат Сафар гуфт, ки “ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар тамоми дунё дар вазорату корхонаҳо шиму костюм муқаррар шудааст, ин чизи байналмилалӣ аст, аммо бо илова намудани ягон детали зарурӣ хулосаҳо пешниҳод карда шуданд”.

Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки кадом иловаҳо ворид карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи муқаррароти нави қонуни танзим “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ”, манъ шуд. Онро рӯзи 8‑уми май палатаи поёнии парлумон  қабул кард.  Ба қонуни мазкур рӯзи 20-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ имзо гузошт.

Тасмими манъи пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб дар ҷомеа вокуниши гуногунро ба миён овардааст. Аз ҷумла, дар шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳое пахш шуд, ки кормандони номаълум бархе занонро боздошт ва маҷбур мекунанд, то сатрашонро гиранд ва ё онро ба “усули тоҷикӣ” банданд.

Гурӯҳи дигар аз ин тасмим ҳимоят карданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯраи уламои Тоҷикистон дар як баромади худ дар ТВ “Тоҷикистон” аз тарҳи ин қонун ҳимоят карда, гуфта буд, ки либоси миллӣ ҳам бояд мувофиқи муқаррароти ислом бошад.

Ин дар ҳолест, ки фурӯшандагон аз муқаррароти нави лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ибрози нигаронӣ доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио