Аз Мактаби бачагонаи Одина Ҳошим то Коллеҷи санъати Аҳмад Бобоқулов. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншооти навро ифтитоҳ намуд?

Имрӯз, 27‑уми август, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе дар пойтахт се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Колеҷи хореографии ба номи Малика Собирова, Колеҷи санъат ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим ифтитоҳ гардид. Раисҷумҳури кишвар нахуст дар маросими кушодашавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 27‑уми август, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе дар пойтахт се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Колеҷи хореографии ба номи Малика Собирова, Колеҷи санъат ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим ифтитоҳ гардид.

Раисҷумҳури кишвар нахуст дар маросими кушодашавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 воқеъ дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур иштирок кард.

Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, 2 ҳазору 400 хонанда дар ду баст метавонанд ба таълим фаро бигиранд. Муассисаи таълимӣ дорои 72 синфхона ва ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо 50 компютер, китобхона бо 120 ҷойи нишаст, ошхона ва толори варзишӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки фарзандони сокинони маҳаллаи Ховарон то бунёди муассисаи мазкур барои таҳсил тақрибан 3 километр роҳро тай мекарданд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14‑ро, ки барои 2 ҳазору 400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст ифтитоҳ гардид.

Муассисаи мазкур дорои 58 синфхона, синфхонаҳои компютерӣ, маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, китобхона, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи нишаст, ошхона, синфхонаи инкишофи кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ ва синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ мебошад.

Масоҳати муассиса беш аз 2 гектар буда, дар майдони 9 ҳазору 468 метри мураббаъ 5 бинои 3‑ошёнагӣ сахта шудааст.

Дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бошад, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 ба истифода дода шуд.

Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов дар масоҳати 11 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст.  Дар муассиса 2 ҳазору 600 нафар хонанда дар ду баст таълим мегиранд.   

Бинои муассиса аз чор ошёна иборат буда, дорои 57 синфхонаи замонавӣ ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ аст. Мактаб дорои китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, нуқтаи хизмарасонии тиббӣ, ошхона бо 250 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ аст.

Гуфта мешавад, ки дар ин се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии навбунёд 7 ҳазору 400 хонанда дар ду баст имкони таҳсил доранд ва 400 ҷойи кории нав муҳайё гардидааст.

Имрӯз ҳамчунин Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов низ ифтитоҳ гардид.

Бинои 3 ошёна аз синфхонаҳои дарсӣ, ҳуҷраҳои корӣ, тамрингоҳ, маҷлисгоҳ бо , ошхона бо 56 ҷойи нишаст иборат аст. Маҷлисгоҳи бино дорои 126 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии муассисавӣ ва консертҳои хурди санҷишӣ мувофиқ аст.

Бинои мазкур аз 90 синфхона иборат аст, ки 42-тоаш ба Коллеҷи хореографии ҷумҳуриявӣ ва 48-тоаш ба Коллеҷи санъати Душанбе тааллуқ дорад. Гуфта мешавад, ки намуди зоҳирии бино ба услуби меъмории Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шабоҳат дорад.

Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим ҳам баъди азнавсозӣ ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур аз чор ошёна иборат аст ва дорои 61 синфхона, 4 толори барои рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраи таъмири созҳои мусиқӣ, толорҳои хурду калони консертӣ, осорхона, ошхона мебошад.

Дар ин мактаб 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун ҷалб мегарданд. Хонандагон имкон доранд дар нуҳ шуъба навозиши фортепиано, созҳои нафасӣ, миллӣ, зарбӣ ва ҳам овозхонӣ, санъати тасвирӣ, маҳорати театрӣ ва дигар ҳунарҳоро омӯзанд.

Зимни ифтитоҳи ин мактаб барномаи консертии тарбиятгирандагони Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим намоиш дода шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.