Дар бораи тоҷикон китоби нав ба табъ расид

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд рӯз қабл нашриёти «Ирфон» китоби тозаи профессор Мансур Бобохонов «Сухан дар бораи тоҷикон»-ро ба табъ расонид, ки дар он мақолаҳо, гузоришот ва баромадҳо перомуни масоили муҳими тоҷикони хориҷи кишвар ҷамъоварӣ шудаанд. Маводи мазкур бо забони русӣ ва тоҷикӣ дар матбуоти даврӣ ва гузоришоти конфронсҳои илмии минтақавӣ ва байнулмилалӣ […]

Баҳром Маннонов


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд рӯз қабл нашриёти «Ирфон» китоби тозаи профессор Мансур Бобохонов «Сухан дар бораи тоҷикон»-ро ба табъ расонид, ки дар он мақолаҳо, гузоришот ва баромадҳо перомуни масоили муҳими тоҷикони хориҷи кишвар ҷамъоварӣ шудаанд. Маводи мазкур бо забони русӣ ва тоҷикӣ дар матбуоти даврӣ ва гузоришоти конфронсҳои илмии минтақавӣ ва байнулмилалӣ аз солҳои 60—уми асри ХХ то соли 2007 ба чоп расидаанд. Китоб аз ду қисм иборат аст. Қисми аввал беш аз 20 мақола ва гузоришоти муаллиф, мусоҳибаи рӯзноманигорони варзида Шодӣ Шокирзода, Фотеҳи Абдулло, Иброҳим Шукуров ва Чумъахони Саидро бо забони тоҷикӣ перомуни фолклори тоҷикони Афғонистон, қайдҳои сафарӣ аз ин кишвар, аз ҷумла дидор бо роҳбари маркази фарҳангии Носири Хисрав, шоир ва пешвои сиёсӣ Саид Мансур Нодириро дар бар мегирад. Ҳамчунин дар ин қисм номаҳои расмии муаллиф оид ба мушкилоти тоҷикони бурунмарзӣ ба роҳбарони ҷудогонаи муассисоти Тоҷикистон ва сарвари давлат ҷой дода шудааст. Ба қисми дуввум беш аз 10 мақолаи қаблан чопшуда ва тақризҳои олим дар бораи мушкилоти тоҷикон бо забони русӣ таҳти унвони «Тоҷикон дар Русия», «Диаспораи тоҷикон ва ватани таърихӣ», «Масоили муҳими тоҷикони ҷаҳон», «Ба Сибир аз пайи тоҷикон», «Муҳоҷирони Тоҷикистон дар Сибир» ва ҳамчунин ду посухи Маркази пажӯҳишгоҳи тоҷикон ва мардуми форсизабони ҷаҳони назди ДДМТ ба хулосаи комиссияи коршиносон бобати лоиҳаи Марказ ва ғайра ворид гаштаанд.

 

Маҷмӯа барои олимон, коршиносон, аспирантҳо, донишҷӯён ва ҳамчунин ба ҳамаи он касоне, ки ба масъалаҳои тоҷикони ҷаҳон таваҷҷӯҳ доранд, пешбинӣ гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.