Ба ноҳияи Ваҳдат кӯмаки башардӯстона расид

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) кӯмаки башардӯстонаи Амрикоро ба маблағи $850 ҳазор тақсим кард. Мадина Сайфиддинова, корманди шӯъбаи иттилооти ҶҲАТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои сили Мачитони ноҳияи Ваҳдат аз ҳисоби кӯмаки башардӯстона кӯрпаҳо ва лавозимоти шустушӯ дода шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, беморхона […]

Баҳром Маннонов


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) кӯмаки башардӯстонаи Амрикоро ба маблағи $850 ҳазор тақсим кард. Мадина Сайфиддинова, корманди шӯъбаи иттилооти ҶҲАТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои сили Мачитони ноҳияи Ваҳдат аз ҳисоби кӯмаки башардӯстона кӯрпаҳо ва лавозимоти шустушӯ дода шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, беморхона барои 700 нафар пешбинӣ шуда, айни замон дар он 286 нафар беморон табобат мегиранд. «Ҳамчунин ба таваллудхонаи ноҳияи Ваҳдат (либосҳо барои навзодон), шӯъбаҳои табобатии беморхонаи марказӣ, ихтиёриёни ҶҲАТ, аъзои кумитаи рушди деҳот, хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ кӯмак расонида шуд, – зикр кард М.Сайфиддинова. – Кӯмак бо мақсади ёрӣ расонидан ва дастгирии волидайни беморон расонида мешавад». «Қисме аз кӯмаки башардӯстона ба беморхонаи касалиҳои сили ноҳияи Восеъ ва беморхонаи кӯдаконаи аксалиҳои сили шахри Душанбе дода мешавад, – гуфт ӯ. – Кӯмаки мазкур аз Амрико тавассути Ҷамъияти Салиби Сурхи Амрико дастрас гардидааст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо