Ба Фестивали байнулмилалии кино 4 филми тоҷикӣ пешниҳод мегардад

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ба Фестивали III-уми байнулмилалии кино, ки аз 5 то 10-уми июл дар Кобул баргузор мегардад, 4 филми истеҳсоли Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Сафар Ҳақдодов, мудири ҶДММ «Киносервис» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар фестивал филми ҳуҷҷатии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, драматург ва актер Шодӣ Солеҳ ба унвони «Нони Раштон» ва […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ба Фестивали III-уми байнулмилалии кино, ки аз 5 то 10-уми июл дар Кобул баргузор мегардад, 4 филми истеҳсоли Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Сафар Ҳақдодов, мудири ҶДММ «Киносервис» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар фестивал филми ҳуҷҷатии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, драматург ва актер Шодӣ Солеҳ ба унвони «Нони Раштон» ва ҳамчунин филмҳои ҳунарии кӯтоҳмуддати коргардонҳои ҷавон Денис Бекетов «Равшанӣ», Зулфия Содиқова «Гул» ва Искандар Усмонов «Ҳаром ва ҳалол» намоиш дода мешаванд. «Тоҷикистонро дар фестивал танҳо Шодди Солеҳ намояндагӣ мекунад», – изҳор дошт С.Ҳақдодов. «Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маротибаи саввум баргузор мешавад. Фестивали нахустин соли 2005 доир гашт ва ба он филмҳои коргардонҳои Афғонистон, Олмон ва Фаронса пешниҳод гардида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.