Дар Чолпон-ато вазирони фарҳанги кишварҳои узви ИДМ масоили ҳамкориҳои фарҳангиро муҳокима мекунанд

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар машварати V-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 23-26-уми июн дар Қирғизистон баргузор мегардад, Нақшаи амалисозии Созишномаи байниҳукуматии кишварҳо дар соҳаи фарҳанг тасдиқ мегардад. Аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар машварат ҳамчунин баррасии Нақшаи кори гурӯҳи коршиносон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ […]

Виктория Наумова


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар машварати V-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 23-26-уми июн дар Қирғизистон баргузор мегардад, Нақшаи амалисозии Созишномаи байниҳукуматии кишварҳо дар соҳаи фарҳанг тасдиқ мегардад. Аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар машварат ҳамчунин баррасии Нақшаи кори гурӯҳи коршиносон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ дар чаҳорчӯби ИДМ барои солҳои 2008-2009 ва Муқаррароти тартиби баргузории Фестивали санъат пешбинӣ шудааст. Дар машварат ширкати вазири фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон Султон Раев, вазири фарҳанги Чин У Тсай, вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Мухтор Қул-Муҳаммед, вазири фарҳанги Русия Александр Авдеев, вазир оид ба корҳои фарҳанг ва варзиши Ӯзбекистон Рустам Қурбонов ва вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар чаҳорчӯби чорабиниҳои машварат дар толори намоишгоҳи мамнӯъгоҳи давлатии таърихӣ ва фарҳангии Иссиқкӯл дар шаҳри Чолпон-Ато намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои ороишӣ ва дастӣ баргузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.