Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи «Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии ҶТ барои соли 2008»-ро маъқул донист

Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии (МН МО) ҶТ лоиҳаи «Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии ҶТ барои соли 2008» якдилона тасдиқ гардид. Ба гуфтаи раиси Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) Шариф Раҳимзода, соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳслоти дохилӣ 12 млрд. 768 миллион сомониро ташкил додааст […]

Баҳром Маннонов


Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии (МН МО) ҶТ лоиҳаи «Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии ҶТ барои соли 2008» якдилона тасдиқ гардид.


Ба гуфтаи раиси Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) Шариф Раҳимзода, соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳслоти дохилӣ 12 млрд. 768 миллион сомониро ташкил додааст ва он нисбат ба соли 2006 7,8% афзудааст. Дар соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳаҷми 16 млрд. 380 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли гузашта 8% бештар аст.


Сатҳи таваррум дар соли 2007 19,7%-ро ташкил додааст, соли 2008 он бояд ба 15% баробар шавад (дар панҷ моҳи соли ҷорӣ он ба 6,8% баробар аст).


«Афзоиши нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба нархҳои бозорҳои дохилии мо низ бетаъсир нахоҳад монд», – идома дод Ш.Раҳимзода ва афзуд, ки соли гузашта нархҳои маҳсулоти ғизоӣ 25%, маҳсулоти ғайриистеъмолӣ 7,5% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 17% боло рафтаанд.


Раиси БМТ изҳор дошт, ки қурби асъори миллӣ соли гузашта 1,1% поин фаромада, дар панҷ моҳи соли равон қурби расмии он 1% афзудааст.


Ш.Раҳимзода илова намуд, ки тамоми муомилоти савдо бояд бо пули миллӣ анҷом гирад. «Аз ин рӯ, дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бобат чораҳо андешида мешаванд», – зикр кард ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.