Барои пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҳои ҳуқуқӣ зарур аст, – коршиносон

Қӯрғонтеппа. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»  – Дар шаҳри Қӯргонтеппа бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар мавзӯи «Азобу шиканҷа дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва зимни баргузории тафтишоти пешакӣ» мизи мудаввар доир гашт. Роҳбари Ташкилоти ғайридавлатии «Рушд» Юсуф Маҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар […]

Сайраҳмон Назриев




Қӯрғонтеппа. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» 



– Дар шаҳри Қӯргонтеппа бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар мавзӯи «Азобу шиканҷа дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва зимни баргузории тафтишоти пешакӣ» мизи мудаввар доир гашт.






Роҳбари Ташкилоти ғайридавлатии «Рушд» Юсуф Маҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар мусоидат ба паст кардани истифодаи шиканҷа ва огоҳсозии аҳолӣ бо қонунҳо дар ин самт аст.





Ба назари иштирокчиёни мизи мудаввар, дар Тоҷикистон истифодаи шиканҷа, ҳодисаҳои боздошти ғайриқонунӣ ва муносибати дағалонаи кормандони макомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мушоҳида расидаанд.





Зикр гардид, ки амали боздошти ғайриқонунӣ, оғози ғайриқонунии парвандаи ҷиноӣ ба қайд гирифта шуда, ҳангоме суд гумонбаршудагонро сафед мекунад, ҳеҷ кас бобати нақзи ҳуқуқҳои ин шаҳрвандон масъул нест.





Ҳимоятгар Акрам Осаққолов изҳор дошт, ки масъалаи ширкати қонунии ҳимоятгарон дар ҷараёни боздошт ва баргузории тафтишоти пешакӣ ба тағйирот ниёз дорад.





«Барои пешгирии истифодаи шиканҷа зарур аст, ба қонун чунин тағйироте ворид сохт, ки дар он ба ҳимоятгар ҳуқуқ дода шавад, аз оғози боздошти шаҳрванд ва дар муддати тамоми тафтишот ширкат варзида тавонад, – гуфт ӯ. – Дар ин сурат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон надоранд, ба истифодаи қувва ва дигар шаклҳои шиканҷа даст зананд».





Ба гуфтаи ӯ, айни замон кормандони сохторҳои қудратӣ шаҳрвандро дастгир намуда, аввал аз ӯ баёноти заруриро барои худ мегиранд ва сипас ба ҳимоятгар иҷозати иштирокро медиҳанд. Дар мурофиаи судӣ маҳз ҳамин баёноти аввал ба назар гирифта мешавад.





Ҳамчунин ба ақидаи иштирокчиён, барои пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҳои ҳуқуқӣ зарур аст.





Дар чорабинӣ ҳимоятгарон, кормандони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, омӯзгорон ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат варзиданд. Ю.Маҳмадов таъкид сохт, ки ба чорабинӣ инчунин кормандони мақомоти прокуратура ва Раёсати корҳои дохилии вилоят низ даъват шуданд, вале онҳо аз иштирок худдорӣ карданд.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.