Дар конфронси байнулмилалии коҳиши хатари офатҳои табии марбут ба об Эъломияи Душанбе ба тасвиб расид

Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои Конфронси байнулмилалии коҳиши офатҳои табии марбут ба об рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Эъломияи Душанбе ба тасвиб расид. Дар санади мазкур гуфта мешавад, ки офатҳои табиии марбут ба об барои рушди устувор монеа эҷод мекунанд. Ба ин хотир, бо ҷалби мақомоти дахлдор дар сатҳи минтақавӣ ва […]

Далер Ғуфронов




Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»

– Аз рӯи натиҷаҳои Конфронси байнулмилалии коҳиши офатҳои табии марбут ба об рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Эъломияи Душанбе ба тасвиб расид.






Дар санади мазкур гуфта мешавад, ки офатҳои табиии марбут ба об барои рушди устувор монеа эҷод мекунанд. Ба ин хотир, бо ҷалби мақомоти дахлдор дар сатҳи минтақавӣ ва байнулмилалӣ густаришу таҳкими ҳамкориҳо баҳри ҳалли масоили вобастаи об, тағйири иқлим, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва мушкилоти иҷтимоии дигар зарур аст.





«Мо – иштирокчиёни конфронс изҳор месозем, ки айни замон офатҳои табиии марбут ба об чун селу обхезӣ ва ғайра боиси ҳалокати ҳазорон нафар мегарданд», – гуфта мешавад дар эъломия.





Иштирокчиёни конфронс ташаббусҳои Тоҷикистонро бобати ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ташкили чорабинии вижа дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳидро дар бораи ҳалли мушкилоти офатҳои табиии марбут ба об дастгирӣ намуданд. Инчунин барпо кардани Консорсиуми байнулмилалӣ оид ба ҷилавгирии хавфи кӯли Сарез низ дастгирӣ ёфт.





Илова бар ин, дар конфронс ҷиҳати таҳияи нақшаи истифодаи захоири об дар минтақаи Осиёи Марказӣ, назардошти манфиатҳои ҷонибҳо, тағйири иқлим ва ҳифзи муҳити зист тавсияву пешниҳодот қабул гардиданд.





Дар ҳуҷҷат пешбинӣ гардидааст, ки соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои панҷсолаи Даҳаи амалиёти «Об барои ҳаёт» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.





«Ҳуҷҷати мазкур ҷиҳати омӯзишу таҳқиқ ба мақомоти дахлдори созмонҳои байнулмилалӣ пешниҳод хоҳад гардид», – оварда шудааст дар эъломия.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.