Раиси ҲНИТ ба Русия назди муҳоҷирини тоҷик меравад

Душанбе. 30-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Пешвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикисттн (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ тайи чанд муддат дар Русия қарор дошт.   Ӯ ин ҷо бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот доир намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки чунин мулоқот дар назар набуд, зеро ӯ бояд дар конфронси байнулмилалӣ дар Маскав иширок мекард, вале лозим омад, ки […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 30-уми июн. ОИ «Азия-Плюс»

– Пешвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикисттн (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ тайи чанд муддат дар Русия қарор дошт.

 

Ӯ ин ҷо бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот доир намуд.




Мавсуф изҳор дошт, ки чунин мулоқот дар назар набуд, зеро ӯ бояд дар конфронси байнулмилалӣ дар Маскав иширок мекард, вале лозим омад, ки бо ҳамватанонаш вохӯрад. «Ба меҳмонхона ҳамватанон хеле зиёд омаданд ва ман маҷбур шудам бо онҳо боздид кунам», – гуфт. М.Кабирӣ.



Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот беш аз 60 нафар намояндагони муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз манотиқи гуногуни Русия ширкат варзиданд.



«Баъд аз мулоқот ба чунин хулоса расидам, ки ба як қатор минтақаҳои Русия баҳри вохӯрӣ бо ҳамватанони хеш сафар намоям, то бо зиндагӣ ва мушкилоти онҳо аз наздик ошно гардам», – гуфт М.Кабирӣ ва афзуд, ки ният дорад, нақшаи ин сафарро бо мақомоти расмии ҳукумати Русия ва Тоҷикистон мувофиқа кунад.





 


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.