Ҳамкории рӯзноманигорон ва хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатӣ густариш меёбад

Душанбе. 30-уми июн. – Масоили рушди ҳамкории расонаҳои хабарӣ ва марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ рӯзи 26 июн зимни як мизи мудаввар дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баррасӣ гардид. Нишасти мазкур дар робита ба оѓози лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият», ки аз ҷониби Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI » амалӣ карда мешавад, […]

Наим Ҳалимов



Душанбе. 30-уми июн. – Масоили рушди ҳамкории расонаҳои хабарӣ ва марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ рӯзи 26 июн зимни як мизи мудаввар дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баррасӣ гардид.






Нишасти мазкур дар робита ба оѓози лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият», ки




аз ҷониби Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри


XXI


» амалӣ карда мешавад, гузаронида шуд. Дар он намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, марказҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ, расонаҳои хабарӣ ва созмонҳои рӯзноманигорӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ширкат варзиданд


.





Зимни муаррифии тарҳи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият» с


арвари иҷроияи Мактаби


мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри


XXI


» Сафо Сафаров иброз дошт, ки мақсади лоиҳа баланд бардоштани сатҳи касбият ва ба роҳ мондани ҳамкории самарабахши намояндагони ВАО ва хадамоти иттилоотии мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҶТ мебошад.





Ба қавли С.Сафаров, тарҳи мазкур тӯли 6 моҳ баргузории якчанд тренингу мизи мудаввар барои кормандони расонаҳои хабарӣ ва марказҳои матбуотиро дар назар дорад. Номбурда афзуд: «Мо гурӯҳи корие созмон медиҳем, ки роҳҳои беҳбуд бахшидани ҳамкории рӯзноманигорон ва хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатиро матраҳ мекунад ва дар шакли як дастури муштарак ба ду забон – тоҷикӣ ва рӯсӣ таҳияву нашр месозад».





Дар идомаи нишаст сармутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Маҳмудон Сараев изҳор дошт, ки тибқи

консепсияи давлатии сиёсати иттилоотӣ, дар назди дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур маркази ягонае таъсис дода мешавад, ки вазифаи он


 


ҳамоҳангсозии

фаъолияти иттилоотии вазорату идораҳои ҶТ, дифоъ аз ҳамлаҳои иттилоотӣ ба Тоҷикистон, инчунин ташаккул ва боло бурдани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд.





Дар навбати худ, сарвари АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев зимни суханронӣ таъкид дошт, ки қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» ахиран ба тасвиб расид, вале он аз камбудиҳо орӣ нест. Вай афзуд: «Муқаррар кардани музд барои гирифтани маълумот аз мақомоти давлатӣ поймол кардани ҳуқуқи шаҳрванд дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот буда, роҳи васеъ ба сӯи фасоди иқтисодӣ мекушояд».





Дар ҷараёни баррасии мушкилоти ҷойдошта, кормандони марказҳои матбуотӣ зикр карданд, ки хабарнигорон маълумоти пешниҳодкардаи онҳоро баъзан носаҳеҳ интишор медиҳанд, ки ин эътимоди тарафайнро коста мегардонад.





Дар навбати худ, намояндагони расонаҳои хабарӣ бар ин назар буданд, ки масъулини хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатӣ барои саривақт дастрас гардидани маълумоти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба андозаи зарурӣ мусоидат намекунанд.





Иштирокдорони мизи мудаввар дар мавриди зарурати боло бурдани сатҳи касбии рӯзноманигорону кормандони хадамоти иттилоотӣ назари ҳамгун доштанд ва муносибати масъулиятшиносонаи ҷонибҳоро ҷиҳати интишори фаврии иттилоот муҳим арзёбӣ карданд.





Дар ҷамъбаст зикр гардид, ки бо назардошти пешниҳодоти ширкаткунандагони ин нишаст, як тафоҳумнома оид ба густариши ҳамкории намояндагони расонаҳои хабарӣ ва хадамоти иттилоотии мақомоти давлатӣ таҳия ва мавриди баррасиву пазириши тарафайн қарор дода шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.