Раиси шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон ҷаласа доир кард

Душанбе. 1-ми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – 30 июни соли 2008 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокиияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулинро ба масоили омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорў нигаронида, дар ин самт гузоришҳои муовини якуми Раиси шаҳр Абдусаттор Сулаймонов ва […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 1-ми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс»

– 30 июни соли 2008 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокиияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.




Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулинро ба масоили омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорў нигаронида, дар ин самт гузоришҳои муовини якуми Раиси шаҳр Абдусаттор Сулаймонов ва раиси комиссияи депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Ҳабибовро дар робита ба ҳолати санҷиши корҳои омодагӣ дар ноҳияҳо ва тамоми субъектҳои хоҷагидории муқими шаҳр шунида, таъкид дошт, ки

 

то ба имрӯз, ки фурсат баҳри дилхоҳ корҳои омодагӣ кифоягӣ мекунад на ҳамаи талаботҳои Қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 17 апрели соли 2008 ба пуррагӣ ба иҷро расонида шудаанд.



Зимнан, бо фаҳмонидани мубрамияти масъалаи мазкур ба ҳамаи раисони комиссияҳои депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бори дигар зикр сохт, ки дар

 

санҷиши амиқи корҳои анҷомдода, ки дар таносуби ноҳияҳо дар алоҳидагӣ вобаста мегарданд, бе ҳеҷ кадом истиҳола муносибат намуда, бо дарки масъулият оид ба воқеияти ҳолати ҷойдошта гузоришҳо пешниҳод намоянд.



Муқаррар гардид, ки комиссияҳои мазкур бо иштирок ва ҷалби мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ВАО аз 1-уми июл ба кор шурӯъ намуда, ҳисоботи раисони ноҳияҳо 17-уми июл дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзномаи он маҳз ба баррасии ин масъала бахшида шудааст, шунида

 

мешавад.



Дар ин равобит афзуд, ки оид ба корҳои анҷомдодаи омодагии сохторҳои шаҳрии ШСХК «Барқи Тоҷик» дар асоси мувофиқа ва

 

дархости шаҳрдорӣ аз ҷониби Дастгоҳи Иҷроияи Президенти кишвар

 

санҷиш гузаронида хоҳад шуд. Дар ин бора котиби матбуотии раиси

 

шаҳри Душанбе Ш. Саидов хабар дод.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.