Имрӯз агрегати дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мавриди истифода қарор мегирад

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз агрегати дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мавриди истифода қарор мегирад. Дар маросими ба истифода додани он президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин ширкат хоҳанд варзид. Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Нерӯгоҳи обӣ ва барқии Сангтӯда-1» Раҳматулло Алҷанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки агрегат […]

Виктория Наумова


Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз агрегати дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мавриди истифода қарор мегирад. Дар маросими ба истифода додани он президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин ширкат хоҳанд варзид.


Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Нерӯгоҳи обӣ ва барқии Сангтӯда-1» Раҳматулло Алҷанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки агрегат аз соати 01.50 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба кор даромад.




Дар ҳамин ҳол, фардо бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин маросими расмии ба истифода додани агрегати дувуми нерӯгоҳ барпо мегардад.



Ёдрас мекунем, ки ин маросим ба санаи 2-уми июл пешбинӣ шуда буд ва дар он иштипоки раиси Ҷамъияти саҳомии Русия “ЕЭС России” Анатолий Чубайс дар назар буд.



Агрегати аввали нерӯгоҳ 20 январи соли ҷорӣ ба кор даромад. Иқтидори лоиҳавии он 167,5 МВт буда, дар як моҳ тақрибан 72 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид месозад.



Қаблан Э.Раҳмон бинобар бӯҳрони шадиди рухдода ба сохтмончиёни иншоот супориш дода буд, ки ба кор даровардани агрегати дуввумро моҳи июн ва тамоми иншоотро охири ҳамин сол таъмин намоянд.





Маълумотнома:




Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.