Миёни Вазорати маорифи ҶТ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

    Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс». – Дар конфронси вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Бишкек миёни Вазорати маорифи ҶТ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.    Бино ба маълумотиДонишгоҳи Осиёи Марказӣ, имзои ёддошт барои густариши ҳамкориҳо дар риштаи мукаммал сохтани муҳити ҳуқуқӣ, шаклҳои таълим ва нақшаҳои дарсӣ, […]

Баҳром Маннонов




    Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс».

– Дар конфронси вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Бишкек миёни Вазорати маорифи ҶТ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.






   Бино ба маълумотиДонишгоҳи Осиёи Марказӣ, имзои ёддошт барои густариши ҳамкориҳо дар риштаи мукаммал сохтани муҳити ҳуқуқӣ, шаклҳои таълим ва нақшаҳои дарсӣ, истифодаи навгониҳо дар омӯзиши касбӣ ва техникӣ шароити мусоид фароҳам мекунад.





      «Санади имзошуда татбиқи озмоишии барномаҳои пешқадами омӯзиши маълумоти касбӣ ва техникиро дар ҳамдастӣ бо кордиҳанда дар Мактаби маълумоти касбӣ ва муттасил пешбинӣ мекунад, – идома дод сарчашма. – Барномаҳои таълимии маълумоти касбӣ ва техникӣ бо иштироки бевосита ва дастгирии вазорати маориф таҳия хоҳанд гардид».





      Ёдрас мекунем, ки Мактаби маълумоти касбӣ ва муттасил соли равон дар шаҳри Хоруғ ба татбиқи чунин барнома шурӯъ кард.





    «Вазорат ният дорад, аз таҷрибаи мактаб дар дигар муасссиости таълимии ҷумҳурӣ истифода кунад», – афзуд сарчашма.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.