Қӯрғонтеппа интизори сарвари давлат аст

Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Қӯрғонтеппа ҷиҳати пешвози президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони дигар корҳои омодагӣ босуръат идома доранд. Мудири шӯъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Асалмо Сафарова хабар дод, ки имрӯз аллакай бисёр меҳмонони хориҷӣ ва минтақаҳои дигари кишвар ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилоят рафтанд ва 27-уми июн […]

Сайраҳмон Назриев




Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»



– Дар Қӯрғонтеппа ҷиҳати пешвози президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони дигар корҳои омодагӣ босуръат идома доранд.






Мудири шӯъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Асалмо Сафарова хабар дод, ки имрӯз аллакай бисёр меҳмонони хориҷӣ ва минтақаҳои дигари кишвар ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилоят рафтанд ва 27-уми июн ҳамаашон дар Қӯрғонтеппа ҷамъ меоянд.





Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар ноҳияву шаҳрҳои вилоят иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор мегиранд.





Дар шаҳри Қӯрғонтеппа иштироки сарвари давлат ва меҳмонон дар маросими ифтитоҳи мемориали «Ваҳдат», литсеи технологӣ, маркази тиббии «Хатлон», хонаи пиронсолон, манзили зист барои омӯзгорон ва як қатор иншооти дигар дар назар аст.





Бино ба иттилои А.Сафарова, худи ҳамин рӯз ба таҳкурсии бинои осорхонаи вилоят хишти аввал гузошта шуда, дар шабакаи ҷудогона студияи телевизионии «ТВ Хатлон» ба кор медарояд.





«Ҳамчунин баргузории озмунҳои «Чакан» ва «Соҳибхоназани беҳтарин» пешбинӣ гардидааст, – идома дод ӯ. – Бегоҳирӯзӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ намоишномаи театрикунонидашуда баргузор мешавад».



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.