Дар Тоҷикистон хароҷоти буҷаи давлатӣ босуръат меафзояд

Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон афзоиши босуръати қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ ба мушоҳида расидааст. Аввали ҳафта он дар муаррифии «Хулосаҳои шарҳи барномавии хароҷоти давлатӣ дар соли 2008», ки намояндагии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ҶТ доир кардааст, баён гардид. Мувофиқи маълумоти тадқиқоти намояндагии БҶ дар ҶТ, хароҷоти давлатӣ ва воситаҳои ғайрибуҷавӣ дар […]

Малика Раҳмонова




Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»



– Дар Тоҷикистон афзоиши босуръати қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ ба мушоҳида расидааст.






Аввали ҳафта он дар муаррифии «Хулосаҳои шарҳи барномавии хароҷоти давлатӣ дар соли 2008», ки намояндагии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ҶТ доир кардааст, баён гардид.





Мувофиқи маълумоти тадқиқоти намояндагии БҶ дар ҶТ, хароҷоти давлатӣ ва воситаҳои ғайрибуҷавӣ дар соли 2006 27% ва дар соли 2007 30% афзудаанд.





«Тибқи нақшаи тасдиқшудаи буҷаи давлатӣ дар соли 2008 ҳаҷми афзоиши муқаррарии хароҷоти давлатӣ 41%-ро ташкил медиҳад», – пешгӯӣ мекунанд коршиносони БҶ.





Дар ҳамин ҳол, музди меҳнат нобаробар ва бидуни гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои дахлдор афзоиш меёбад. Ҳамчунин хароҷотҳои асосӣ, ки барои қарздиҳӣ, сармоягузорӣ ва таъмини кафолатнокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ истифода мешаванд, низ дар ҳоли афзоиш қарор доранд. Аз соли 2004 то соли 2007 афзоиши онҳо аз 8,1% ба 14,1% расидааст.





Хароҷоти ҷорӣ (пардохти музди меҳнат, хароҷотҳои таъмири бино, иншоот ва ғайра) ҳамагӣ аз 12,1% ба 13,4% боло рафтааст.





Тибқи пешгӯии БҶ, буҷаи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ афзоиш хоҳад ёфт. Андозаи маблағҳои зарурӣ ба 0,8%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар навбати худ, он ба афзоиши маҷмӯи хароҷот мусоидат намуда, зиёд шудани миқдори пул дар кишварро бозмедорад. Ёдрас мекунем, ки


соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 12 млрд. 768 миллион сомониро ташкил додааст ва он нисбат ба соли 2006 7,8% афзудааст. Дар соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳаҷми 16 млрд. 380 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли гузашта 8% бештар аст.





Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.