Овозаҳои задухӯрди оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон асоси воқеӣ надоранд, – Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ

Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ Девонаев С.А., иттилои хабаргузории агентии ИТАР-ТАСС бобати дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Маскав барпо шудани задухӯрди оммавӣ миёни шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд. Аз маркази матбуоти хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ хабар доданд, ки дар асл чунин […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ Девонаев С.А., иттилои хабаргузории агентии ИТАР-ТАСС бобати дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Маскав барпо шудани задухӯрди оммавӣ миёни шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.






Аз маркази матбуоти хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ хабар доданд, ки дар асл чунин воқеа рух додааст: бегоҳии 24-уми июн дар назди хонаи рақами 26, дар шоҳроҳи Волоколамск ду шахсони ношинос ба шаҳрвандони Қазоқистон – хатмкунандагони донишкадаи авиатсионии шаҳри Маскав Когалбоев Г.М. ва Бекмуродов Р.К. бо корд таҳдид намуда, мехоҳанд, аз онҳо сумкаашонро бо дастгоҳи аксбардорӣ, телефони мобилӣ ва чизҳои дигар кашида гиранд, вале ба муқобилияти сахти ҷисмонӣ рӯ ба рӯ гардида, Когалбоевро аз ронаш бо корд захмӣ мекунанд. Онҳо аз ҷои ҳодиса ғайб заданӣ мешаванд, вале нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ онҳоро дастгир намуда, ба шӯъбаи милитсия меоранд.





Ба Когалбоев дар беморхонаи Склифосовский кӯмаки тиббӣ расонида, ӯро ҷавоб медиҳанд.





Боздоштшудагон Алиев М.А., ки макони зист надорад ва шаҳрванди шаҳри Моздоки Осетияи Шимолӣ-Алания Давидов Ш.М. мебошанд.





Дар шӯъбаи корҳои дохилии Шукино нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер