Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Исфара ба кори ду корхонаи нави истеҳсоли семент ва коркарди мева оғоз бахшид

Хуҷанд. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Исфара маросими ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент ва коркарди мева доир гардид. Раиси шаҳри Исфара Муҳиба Ёқубова хабар дод, ки иқтидори корхона ба истеҳсоли 70 ҳазор тонна семент дар як сол баробар аст «Дар корхона 80 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, мувофиқи […]

Бахтиёр Валиев




Хуҷанд. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»



– Чанде қабл дар шаҳри Исфара маросими ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент ва коркарди мева доир гардид.






Раиси шаҳри Исфара Муҳиба Ёқубова хабар дод, ки иқтидори корхона ба истеҳсоли 70 ҳазор тонна семент дар як сол баробар аст «Дар корхона 80 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, мувофиқи маълумоти пешакӣ, музди меҳнати моҳонаи онҳо 700 сомониро ташкил медиҳад», – идома дод ӯ.





Корхонаи дуввум оид ба коркарди мева дар таркиби Чамъияти саҳомии «Нони Исфара» сохта шуда, дар он ду хат насб гардидааст. Як хат барои ҷудокунӣ ва бандубасти меваи хушк в хати дигар ҷиҳати коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла ширӣ пешбинӣ гардидааст. Ба гуфтаи раиси шаҳр, дар корхона 30 нафар машғули кори домӣ гардида, иқтидори он истеҳсоли 15 тонна маҳсулот дар як рӯзро ташкил хоҳад дод. Корхона бо сармоягузории кишвари Канада ва Тоҷикистон, ки ба 156 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст, бунёд ёфтааст. «Нисфи маблағро созмони байнулмилалии «


MEDA


» ва қисми дигарро ширкати «Таджфрукт» (Меваи Тоҷикистон) сармоягузорӣ карданд», – изҳор дошт М.Ёқубова.





Дар маросими ба истифода додани корхонаҳо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Исфара қарор дорад, иштирок кард.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.