Сафири Ӯзбекистон дар ҶТ бо мақомоти роҳбарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ мулоқот орост

Душанбе. 26-уми июни 2008с. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии нази Ҳукумати ҶТ вохӯрии мақомоти роҳбарии кумита бо сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ҶӮ) дар ҶТ Шоқосим Шоисломов барпо гашт. Аз сафорати ҶӮ дар Тоҷикистон хабар доданд, ки зимни сӯҳбат сафир бобати бароҳандозии сиёсати ҷавонон дар кишвараш маълумот дод. «Соли […]

Аваз Юлдошев




Душанбе. 26-уми июни 2008с. ОИ «Азия-Плюс»



– Дирӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии нази Ҳукумати ҶТ вохӯрии мақомоти роҳбарии кумита бо сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ҶӮ) дар ҶТ Шоқосим Шоисломов барпо гашт.






Аз сафорати ҶӮ дар Тоҷикистон хабар доданд, ки зимни сӯҳбат сафир бобати бароҳандозии сиёсати ҷавонон дар кишвараш маълумот дод. «Соли ҷорӣ бо фармони сарвари давлат Ислом Каримов дар Ӯзбекистон «Соли ҷавонон» эълон шудааст ва ҳукумати кишвар барои ҳалли масоили маориф, истироҳат ва бо ҷои корӣ ва манзили зист таъмин намудани ҷавонон тамоми чораҳоро меандешад», – изҳор дошт зимни боздид сафир.





Ба гуфтаи сарчашма, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов барои сӯҳбати пурмӯҳтаво аз сафир изҳори миннатдорӣ карда, зикр кард, ки бояд муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои ҳар ду кишвар, ки ба санҷишҳои чандинасраи таърих тоб овардаанд, аз нав бо вусъати тоза рушд ёбанд.





Дар анҷоми мулоқот Ш.Шоисломов ва М.Неъматов ба саволҳои ҳозирин ҷавоб дода, сипас филми ҳуҷҷатии филмбардорони ӯзбек бо номи «Соли 2008 – Соли ҷавонон дар Ӯзбекистон» намоиш дода шуд.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.