7 Ташкилоти ғайридавлатии Тоҷикистон дар озмуни Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ғолиб омаданд

Душанбе. 26-уми июни 2008с. «ОИ Азия-Плюс» – 7 ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии Тоҷикистон ғолиби озмуни Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои соли 2008 гардиданд, ки ҷиҳати амалисозии он 35 000 доллари амрикоӣ ҷудо гардида буд. Аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон хабар доданд, ки соли ҷорӣ мавзӯи барнома ширкати ҷомеаро дар […]

Малика Раҳмонова




Душанбе. 26-уми июни 2008с. «ОИ Азия-Плюс»



– 7 ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии Тоҷикистон ғолиби озмуни Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои соли 2008 гардиданд, ки ҷиҳати амалисозии он 35 000 доллари амрикоӣ ҷудо гардида буд.






Аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон хабар доданд, ки соли ҷорӣ мавзӯи барнома ширкати ҷомеаро дар кори ҳифзи муҳити зист дар бар мегирифт. Бурсҳо ба маблағҳои аз 3400 то 7000 доллари амрикоӣ ихтисос дода шуда буданд.





Ташкилотҳои шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Роштқалъа миёни ғолибони озмун ҷой доранд.





«Лоиҳаҳои интихобшуда ба ҳалли масоили экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва инчунин ҷалби кӯдакони дорои имкони маҳдуд ба ҳаёти шоиста дар ҷомеа равона гардидаанд», – гуфта мешавад дар иттилоия бонк.





«Ба озмун 89 лоиҳа пешниҳод шуд ва интихоби онҳо ҷиҳати молиягузорӣ тибқи қоидаҳои БҶ барпо гашта, бо ҷаласаи Кумитаи ҷудокунии бурсҳо ва ширкати созмонҳои мададрасон ва намояндагони мақомоти шаҳрдории Душанбе анҷом ёфт», – изҳор доштанд дар намояндагии бонк.





Барномаи бурсҳои хурд аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ соли 1983 таҳия шудааст. Соли равон он номи Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандиро гирифт. Аз соли 1998 то имрӯз Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 220 ҳазор доллари амрикоӣ бурсҳои хурд ҷудо кардааст.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.