Раиси комиссияи танзими расму оинҳои Турсунзода барои гирифтани пора аз навхонадорон ба ҳабс гирифта шудааст

Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ раиси комиссияи танзими расму оинҳои шаҳри Турсунзода Аҳтам Қосимовро ба маҳбас кашиданд. Аз дафтари матбуоти агентӣ хабар доданд, ки раис ба ҷурми якчанд ҳодисаҳои гирифтани пора гумонбар дониста мешавад. «Аз ҷумла, ӯ барои саривақт ба қайд нагирифтани никоҳ […]

Аваз Юлдошев




Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»



– Кормандони Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ раиси комиссияи танзими расму оинҳои шаҳри Турсунзода Аҳтам Қосимовро ба маҳбас кашиданд.






Аз дафтари матбуоти агентӣ хабар доданд, ки раис ба ҷурми якчанд ҳодисаҳои гирифтани пора гумонбар дониста мешавад. «Аз ҷумла, ӯ барои саривақт ба қайд нагирифтани никоҳ дар мақомоти давлатии қайди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ аз навхонадорон 200 доллари амрикоӣ гирифтааст, аз навхонадорони дигар барои гузаронидани маъракаи тӯй 190 сомонӣ талаб кардааст ва барои гузаронидани ҷашни зодрӯз аз соҳиби он 200 сомонӣ тамаъ кардааст», – изҳор дошт манбаъ.





Нибат ба аъмоли А.Қосимов тибқи моддаи 319, банди 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Пора гирифтан) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва мувофиқи он ба ӯ ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.