Сокини Хуҷанд дар бастаи арахис ба Новосибирск ҳероин бурданӣ шуд

Хуҷанд. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд аз сокини шаҳр беш аз 1 кило маводи сахттаъсири ҳероинро, ки ӯ бо мақсади фурӯш ба Новосибирск бурданӣ буд, мусодира карданд. Аз Раёсати минтақавии хадамоти гумруки вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шаби чоршанбе ҳангоми азназаргузаронии бағочи сокини шаҳри Хуҷанд Азиз […]

Мавлуда Рафиева




Хуҷанд. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»



– Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд аз сокини шаҳр беш аз 1 кило маводи сахттаъсири ҳероинро, ки ӯ бо мақсади фурӯш ба Новосибирск бурданӣ буд, мусодира карданд.






Аз Раёсати минтақавии хадамоти гумруки вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шаби чоршанбе ҳангоми азназаргузаронии бағочи сокини шаҳри Хуҷанд Азиз Ғаниеви 46-сола халтаи полиэтиленӣ бо арахис ва маводи сафеда дарёфт гардид.





Бино ба иттилои манбаъ, таҳқиқоти лабораторӣ ошкор сохт, ки маводи сафеда ҳероин буда, он 1 килову


161 грамм

вазн дорад.





«Аз рӯи ин далел прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд тибқи моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 298-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қочоқ, яъне аз сарҳади гумрукии ҶТ гузаронидани воситаҳои нашъадор) парвандаи ҷиноӣ оғоз кард ва тафтишот идома дорад», – афзуд сарчашма.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.