Сӯхтор дар Мӯъминобод: ду нафар осеб диданд

Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ду нафар сокинони қишлоқи Мамадиёи ноҳияи Мӯъминобод Раҳматшо Алиеви 50-сола ва Ҷамшед Давлатови 23-сола бо ҷароҳатҳои бар асари сӯхтор гирифтаашон ба беморхона оварда шуданд. Муовини сардори қисми сӯхторнишонии минтақаи Кӯлоб полковник Маҳмадулло Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ин ду нафар бар асари ҳодисаи сӯхтор дар нуқтаи фурӯши […]

Турко Дикаев



Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ду нафар сокинони қишлоқи Мамадиёи ноҳияи Мӯъминобод Раҳматшо Алиеви 50-сола ва Ҷамшед Давлатови 23-сола бо ҷароҳатҳои бар асари сӯхтор гирифтаашон ба беморхона оварда шуданд.






Муовини сардори қисми сӯхторнишонии минтақаи Кӯлоб полковник Маҳмадулло Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ин ду нафар бар асари ҳодисаи сӯхтор дар нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ осеб дидаанд.





«Ҳангоми аз як зарф ба зарфи дигар рехтани бензин ба иллати беэҳтиётии онҳо ду зарф сахт ба ҳам бархӯрда, дар натиҷа шарора ба вуҷуд меояд ва бензин оташ мегирад, ки аз онҳо номбаршудагон зарар дидаанд, – идома дод ӯ. – То расидани мошин аз маркази ноҳия


40 литр

бензин батамом месӯзад ва маблағи хисороти расида 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад».





Дар ноҳияи Мӯъминобод соли равон ин дуввумин ҳодисаи сар задани сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ аст: 27-уми июни соли ҷорӣ дар нуктаи фурӯши маводи сӯзишвории қишлоқи Хонатарош низ сӯхтор сар зада буд, ки аз он фурӯшандаи он Мирмад Исмоилов осеб дид. «Ба ҷабрдида дар ҷои ҳодиса кӯмаки тиббӣ расонида шуд», – изҳор дошт М.Бозоров ва афзуд, ки он замон маблағи хисороти расида ба 300 сомонӣ баробар буд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.