«Талко» бо «Налко» гуфтушунид накардааст

Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Яке аз ширкатҳои бузургтарини истеҳсоли алюминии Ҳиндустон «Налко» нияти харидории миқдори зиёди сармояи оинномавии корхонаи металлургиро дар Тоҷикистон доштааст. Дар ин бораи маҷаллаи «Металлоснабжение и сбит» (Таъмини металл ва фурӯши он) бо истинод ба директори молиявии ширкати «Налко» Б.П.Багра иттилоъ додааст. «Гуфтушунидҳо дар ин бора аҳол дар марҳилаи оғоз […]

Виктория Наумова



Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Яке аз ширкатҳои бузургтарини истеҳсоли алюминии Ҳиндустон «Налко» нияти харидории миқдори зиёди сармояи оинномавии корхонаи металлургиро дар Тоҷикистон доштааст. Дар ин бораи маҷаллаи «Металлоснабжение и сбит» (Таъмини металл ва фурӯши он) бо истинод ба директори молиявии ширкати «Налко» Б.П.Багра иттилоъ додааст.






«Гуфтушунидҳо дар ин бора аҳол дар марҳилаи оғоз қарор доранд», – гуфтааст Багра ва афзудааст, ки корхонае, ки дар назар аст, иқтидори истеҳсоли 440 ҳазор алюминий дар як солро доро будааст.





«Ҳарчанд дар ширкат мушаххасан номи ширкатро намегӯянд, вале маълум аст, ки сухан дар бораи Корхонаи алюминии Тоҷикистон (Талко) меравад, зеро дар Тоҷикистон он ягона корхонае мебошад, ки чунин металл истеҳол мекунад», – менависад маҷалла. Ҳамчунин бо истинод ба сарчашмаи номаълум аз ҳукумати Тоҷикистон маҷалла менависад, ки ширкати ҳинду ба харидории 51%-и саҳмияҳо манфиатдор будааст.





Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (Талко) Саёҳат Қодирова изҳор дошт, ки ҳеҷ гуфтушуниде дар мавриди харидории саҳмияҳо бо ширкати ҳинду сурат нагирифтааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.