Корхонаи пахтатозакунии Конибодом нишондодҳои экологҳои маҳаллиро нодида мегирад

Конибодом. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи пахтатозакунии   Конибодом тавсияҳои экологҳои маҳаллиро нодида мегирад. Сармутахассиси шӯъбаи шаҳрии ҳифзи табиат Алиҷон Шехов мегӯяд, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ ё коркард бояд аз ташхиси ҳатмии давлатии экологӣ гузаранд, вале Ҷамъияти саҳомии «Ҳабиб» (корхонаи пахтатозакунӣ) то ҳол ин нишондодро иҷро накардааст. «Ҳангоме ки нишондодҳои чандинкаратаи […]



Конибодом. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи пахтатозакунии

 

Конибодом тавсияҳои экологҳои маҳаллиро нодида мегирад. Сармутахассиси шӯъбаи шаҳрии ҳифзи табиат Алиҷон Шехов мегӯяд, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ ё коркард бояд аз ташхиси ҳатмии давлатии экологӣ гузаранд, вале Ҷамъияти саҳомии «Ҳабиб» (корхонаи пахтатозакунӣ) то ҳол ин нишондодро иҷро накардааст.






«Ҳангоме ки нишондодҳои чандинкаратаи мо иҷро нагардиданд, мо корхонаро тамға зада, фаъолияти онро боздоштанӣ шудем, вале роҳбарони он худсарона ба он итоат накарданд, – таъкид сохт ӯ. – Мо маҷбур шудем, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоем ва айни замон онҳо ин қазияро баррасӣ мекунанд».





Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввал 129 далели ғайриқонунии истифодаи захоири заминӣ, олудасозии обу ҳаво, буридани дарахтон ва ғайра ошкор шудаанд, ки дар натиҷа қонуншиканон ба маблағи 10 ҳазору 390 сомонӣ ҷарима баста шуда, 22 санад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 17 санад ба комиссияҳои маъмурии ҳокимияти маҳаллӣ пешниҳод гардидааст.






 


 

«Моро буридани дарахтон ва қамишзорони соҳили обанбори Қайроққум аз ҷониби аҳолӣ ба ташвиш овардааст, – гуфт ӯ. – Бар асари он моҳиҳои Сирдарё аз макони тухммонӣ маҳрум шуда истодаанд ва барои пешгирии ин ҳодисаи номақбул имрӯзҳо мо бо фаъолони ҷамъиятҳои шикорчиён ва моҳидорон амалиётҳои боздоштӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем».





Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.