Бонки Миллии Тоҷикистон соли ҷорӣ маротибаи дуввум меъёри бозтамвилро паст кард

  Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) соли ҷорӣ маротибаи дуввум меъёри бозтамвилро барои бонкҳои сатҳи дуввум паст кард. Ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, ки меъёр то 14% паст карда шудааст. Маротибаи нахустин бонк меъёри бозтамвилро моҳи апрели соли ҷорӣ ба андозаи 1,25% – аз 16% то 14,75% кам […]

Виктория Наумова

 



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) соли ҷорӣ маротибаи дуввум меъёри бозтамвилро барои бонкҳои сатҳи дуввум паст кард.






Ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, ки меъёр то 14% паст карда шудааст. Маротибаи нахустин бонк меъёри бозтамвилро моҳи апрели соли ҷорӣ ба андозаи 1,25% – аз 16% то 14,75% кам карда буд. Ин нишондиҳанда то 3-уми июл нигоҳ дошта шуд.





Мувофиқи маълумоти БМТ, меъёри бозтамвил яке аз воситаҳои амалисозии сиёсати монетарӣ ба ҳисоб меравад. Таҳти мафҳуми меъёри бозтамвил сатҳи фоизе дар назар аст, ки тибқи он БМТ ба бонкҳои сатҳи дуввум қарз пешниҳод месозад.





«Бар асоси пешниҳоди Кумитаи БМТ оид ба сиёсати монетарӣ Раёсати бонк роҷеъ ба тағйири меъёри бозтамвил қарор қабул мекунад. Ҳадаф аз кори кумита ҳамоҳангсозии амалисозии сиёсати монетарӣ ва фискалӣ барои идораи самараноки қатъпазирии якборагӣ аст. Меъёри бозтамвил дар ин ҳолат нақши нишондиҳандаи сиёсати қарзии бонкҳоро иҷро карда, ба меъёрҳои фоизҳои депозитҳо ва қарзҳо дар бозори арз таъсир мерасонад», – изҳор дошт манбаъ.





Тибқи иттилои манбаъ, баланд бардоштани меъёри бозтамвил аз шадид гаштани сиёсати монетарӣ шаҳодат дода, аслан барои боздоштани суръати афзоиши таваррум истифода мегардад. Паст кардани меъёри бозтамвил ба фаъол гаштани фаъолияти қарздиҳии бонкҳо мусоидат менамояд.





Аз рӯи маълумоти БМТ, меъёри баландтарини бозтамвил аз 6 то 12 октябри соли 2003 ва меъёри пасттарини он аз 1 то 12 декабри ҳамон сол муқаррар гардида буд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.